ВидеоДин ва боварҳо

ИДОМАИ ҶАНҶОЛИ ДАШНОМДИҲИИ САРХАТИБИ РӮДАКӢ: НЕЪМАТЗОДА БАЪДИ ДАЪВАТАШ БА “СУҲБАТ” БЕМОР ШУДААСТ (ВИДЕО)

Ҷамолиддин Неъматзода, сархатиби ноҳияи Рӯдакӣ ва писари муфтии собиқи Тоҷикистон Амонулло Неъматзода, ки баъди расонаӣ шудани видеои дашномдиҳиаш дар масҷид дар сархатти хабарҳо афтод,  баъди даъваташ ба “суҳбат” аз ҷониби мақомот дар бемористон бистарӣ шудааст.  Мақомоти Кумитаи дин қаблан гуфта буданд, ки навори бадгӯиву бадрафтории сархатибро тафтиш хоҳанд кард. Афшини Муқим, сухангӯ и Кумитаи дин рӯзи 17 май ба Радиои Озодӣ гуфт,  шуъбаи дини ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ Ҷамолиддин Неъматзодаро барои амалҳояш даъват кардааст, вале “Неъматзода бемор ва дар беморхона бистарӣ будааст”. “Баъд аз мураххас шудан аз бемористон ӯро муҳокима мекунанд”, — афзуд Афшини Муқим.

Қаблан гузориш шуда буд, ки рӯзи 7 май дар масҷиди деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ пеш аз намози таровеҳ байни имомхатиб ва чанд намозгузор ҷанҷол шудааст. Имоми ин масҷид Ҷамолиддин Неъматзода, писари муфтии фақиди Тоҷикистон Амонулло Неъматзода мебошад.

Дар видео  дида мешавад, ки яке аз намозгузорон аз мардумро дашном додани писари имомхатиб, ки ба ҷои падараш имоматӣ кардани ӯ мояи норозигии намозгузорон шуд, изҳори нороҳатӣ мекунанд ва Ҷамолиддин Неъматзода ба нишони ҳимоят аз писараш бо ин мард вориди баҳси бигӯбигӯ мешавад. Мулло Ҷамолидин аз гиребони он мард дошта кашола мекунад, то ки ӯро ба ҳуҷраи дигари масҷид барад.  Намозгузорон монеъ мешаванд ва мегӯянд, “ин корро накунед”, “шумо хатибед”, “айб аст”.

Вале  Ҷамолиддин Неъматзода як дашноми обдоре ба забон меораду бо баландгӯяк хитоб ба мардум мегӯяд: “Ҳамин масҷидро маҳкам накунам агар, ман зани шумо шуда бошам! Як ҳаёт дигар дар ин масҷид намоз намехонед! Бимиред ба ин рӯзатон! Наҳзатиҳову салафиҳо дар ин ҷо туп (манзур ҷамъ омадед) боз- а?”.​

Ин бори аввал нест, ки номи Ҷамолиддин Неъматзода, писари муфтии пешин ба таври моҷароомез расонаӣ мешавад.

Ӯ соли 2014 низ барои ҷанҷолаш бо Эшони Нуриддинҷон Тӯраҷонзода барои имоматии намози ҷанозаи як марди солхӯрда вирди забонҳо шуда буд. Як сокини солхӯрдаи Рӯдакӣ он вақт васият карда буд, ки намози ҷанозаашро Эшони Нуриддинҷон бихонад, вале Ҷамолиддин Неъматзода ӯро ба имоматӣ роҳ надод ва пойфишорӣ мекард, ки ба ҳайси сархатиби ноҳия имоматии намози ҷанозаи ин сокини ноҳия ҳаққи ӯст.

Боздошти Махдуми Абдулҳақ, имомхатиби масҷиди марказии ноҳияи Шоҳмансур баъд аз маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободиро низ бархе ба ихтилофи байни ӯву Ҷамолиддин Неъматзода дар пайи ба ихтиёри Махдуми Абдулҳақ гузаштани масҷиди Ҳазрати Мавлоно, ки қаблан дар ихтиёри ноҳияи Рӯдакӣ буду имоматиашро Ҷамолиддин Неъматзода дар даст дошт, рабт медиҳанд. Ба гуфтаи манобеи огоҳ, баъди аз даст додани масҷиди Ҳазрати Мавлоно Ҷамолиддин Неъматзода нисбат ба Махдуми Абдулҳақ хусумат пайдо кард ва дар бораи суханрониаш дар намози ҷанозаи Домулло Ҳикматуллоҳ ба мақомоти амниятӣ маълумот дод.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button