ВидеоДин ва боварҳо

ҲАМИН МАСҶИДРО АГАР НАБАНДАМ, МАН ЗАНИ ШУМО… ҶАНҶОЛУ ДАШНОМДИҲИИ ПИСАРИ МУФТИИ СОБИҚ ДАР МАСҶИД (ВИДЕО)

Рӯзи 7 май дар масҷиди деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ пеш аз намози таровеҳ байни имомхатиб ва чанд намозгузор ҷанҷол шудааст. Имоми ин масҷид Ҷамолиддин Неъматзода, писари муфтии фақиди Тоҷикистон Амонулло Неъматзода мебошад.

Дар видео  дида мешавад, ки яке аз намозгузорон аз мардумро дашном додани писари имомхатиб, ки ба ҷои падараш имоматӣ кардани ӯ мояи норозигии намозгузорон шуд, изҳори нороҳатӣ мекунанд ва Ҷамолиддин Неъматзода ба нишони ҳимоят аз писараш бо ин мард вориди баҳси бигӯбигӯ мешавад.

Имомхатиб ба мард дарафтода, аз гиребонаш медорад ва ба тундӣ мепурсад, ки “ту кӣ ҳастӣ, ки эътироз мекунӣ?”.

Ӯ мегӯяд, “як одами оддӣ аз Кӯлоб аст ва ин ҷо меҳмонӣ омадааст, вале аз оне ки ҳамагон дашном шунидаанд, нигарон аст”.

Дар ҳамин ҳамин лаҳза мулло Ҷамолидин аз гиребони ӯ дошта кашола мекунад ва мекӯшад, ки ӯро ба ҳуҷраи дигари масҷид барад.  Намозгузорон монеъ мешаванд ва мегӯянд, “ҳазрат ин корро накунед”, “шумо хатибед”, “айб аст”.

Вале  Ҷамолиддин Неъматзода як дашноми обдоре ба забон меораду бо баландгӯяк хитоб ба мардум мегӯяд: “Ҳамин масҷидро маҳкам накунам агар, ман зани шумо шуда бошам! Як ҳаёт дигар дар ин масҷид намоз намехонед! Бимиред ба ин рӯзатон! Наҳзатиҳову салафиҳо дар ин ҷо туп (манзур ҷамъ омадед) боз- а?”.​

ДИҚҚАТ! ВИДЕО ДАШНОМҲОИ ҚАБЕҲ ДОРАД! МУВОЗЕҲ БОШЕД!

Дар Кумитаи дин ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки ин наворро тафтиш мекунанд.

Ин бори аввал нест, ки номи Ҷамолиддин Неъматзода, писари муфтии пешин ба таври моҷароомез расонаӣ мешавад.

Ӯ соли 2014 низ барои ҷанҷолаш бо Эшони Нуриддинҷон Тӯраҷонзода барои имоматии намози ҷанозаи як марди солхӯрда вирди забонҳо шуда буд.

Боздошти Махдуми Абдулҳақ, имомхатиби масҷиди марказии ноҳияи Шоҳмансур баъд аз маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободиро низ бархе ба ихтилофи байни ӯву Ҷамолиддин Неъматзода дар пайи ба ихтиёри Махдуми Абдулҳақ гузаштани масҷиди Ҳазрати Мавлоно, ки қаблан дар ихтиёри ноҳияи Рӯдакӣ буду имоматиашро Ҷамолиддин Неъматзода дар даст дошт, рабт медиҳанд.

Навори ҷанҷоли мулло бо намозгузорон дар Рӯдакӣ таҳқиқ мешавад

Абдулло Ашӯров, Радиои Озодӣ


Сокинони деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ мегӯянд, сархатиб мулло Ҷамолиддин Неъматзода, писари муфтии собиқ Амонулло Неъматзода дар саҳни масҷид онҳоро дашном додааст.

Талошҳо барои тамос бо Ҷамолиддин Неъматзода то замони нашри матлаб натиҷа надод. Наздиконаш гуфтанд, ки ӯро намозгузорон асабӣ карданд.

Ба гуфтаи шоҳидон, мулло Ҷамолиддин аз оне, ки сокинон ба имоматии писари ӯ дар ин масҷид дар намози рӯзи ҷумъа норозигӣ баён карданд, хашмгин буд.

“Ту кӣ ҳастӣ, ки эътироз мекунӣ?”

Дар як наворе, ки корбарон ба Радиои Озодӣ ирсол карданд ва гуфта мешавад, шаби 7-уми май сабт шудааст, дида мешавад, яке аз намозгузорон аз дашном шудани ҳамагон ба хашм омада эътироз мекунад. Нафаре, ки аз ӯ мулло Ҷамолиддин ном мебаранд, ба ӯ дарафтода, аз гиребонаш медорад ва ба тундӣ мепурсад, ки “ту кӣ ҳасти ки эътироз мекунӣ?”.

Ин шахс мегӯяд, “як одами одӣ аз шаҳри Кӯлоб ҳаст ва ин ҷо меҳмонӣ омадааст, вале аз оне ки ҳамагон дашном шунидаанд, нигарон аст”.

Дар ҳамин ҳамин лаҳза мулло Ҷамоллидин аз гиребони ӯ дошта кашола мекунад ва мекушад, ба хонаи дигари масҷид ӯро дарорад. Намозгузорон монеъ мешаванд ва мегӯянд, “ҳазрат ин корро накунед”, “шумо хатиб” ҳастед.

Ин замон мулло Ҷамоллидин як дашноми обдоре ба забон меораду бо баландгӯяк хитоб ба мардум мегӯяд: “Ҳамин масҷидро маҳкам накунам агар, ман зани шумо шуда бошам! Як ҳаёт дигар дар ин масҷид намоз намехонед! Бимиред ба ин рӯзатон! Наҳзатиҳову салафиҳо дар ин ҷо туп (манзур ҷамъ омадед) боз- а?”.​

Сайидқадам Неъмазода, бародари муло Ҷамолиддин дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки зоҳиран намозгузорон бо рафторҳои ноҷои худ хеле бародарашро асабонӣ кардаанд.

“Одам чӣ қадар вазнин ҳам бошад, ба асабаш расанд, дигар худро назорат карда наметавонад”,–гуфт ӯ.

Мулло Ҷамолиддин кист ва чаро хашмгин шуд?

Мулло Ҷамолиддин, сархатиби ноҳия Рӯдакӣ то чанде пеш дар масҷиди маҳаллаи ба номи Ҳазрати Мавлоно имом буд. Баъде, ки ин қисмати ноҳияи Рӯдакӣ ба шаҳри Душанбе ҳамроҳ шуд, ӯ дар мақомаш, сархатиби ноҳия боқӣ монд, аммо ба дигар масҷид гузашт.

Се нафар аз сокинони деҳаи Дарёободи Рӯдакӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, рӯзи 7-уми май, яке аз писарони мулло Ҷамолиддин бо номи Аъзам, қабл аз намози ҷумъа ба масҷид омада, худ ба ҷойи хатиби ин масҷид менишинад. Хатиб чизе нагуфта, минбарро холӣ мекунад, аммо намозгузорон эътироз мекунанд.

Шаби он рӯз, баъд аз намози таровеҳ, мулло Ҷамолиддин бо писараш ба масҷид меояд ва ба гуфтаи соикнон, писараш мардумро дашном медиҳад. Баъдан моҷарое, ки дар навор сабт шудааст, рӯ мезанад.

Назари падару писар ба ин моҷаро маълум нест ва дар сурати дастрас шудан назари онҳо низ нашр хоҳад шуд.

“Рафтори рӯҳониро баррасӣ доранд”

Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар Кумитаи дин бо шарти зикр нашудани номаш гуфт, ин навор ба дасти масъулони ноҳияи Рӯдакӣ низ расидааст. Ӯ гуфт, ҳоло мақомот рафтори руҳониро баррасӣ доранд ва эҳтимол ӯ аз вазифааш барканор шавад.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ва Неъматулло Давлатов, раиси Бахши дини ноҳияи Рӯдакӣ ба зангҳои Радиои Озодӣ дар ин робита посух нагуфтанд.

Дашном додани мардум аз сӯи имомхатиб дар саҳни масҷид дар Тоҷикистон як ҳодисаи камсобиқа гуфта мешавад. Пайравони дини ислом дар Тоҷикистгон масҷидро макони муқаддас мешуморанд ва руҳониён ва ё ибодаткунандагон дар дохили он аз гуфтани алфози қабеҳ ва дашном маъмулан парҳез мекунанд.

Аммо дар гузашта ҳолатҳои дар масҷид дашном додани масъулони ҳукумат расонаӣ шуда буд. Моҳи октябри соли 2017 навори дашномдиҳии Шокир Холдоров, масъули Бахши танзими расму оини ҷамоати “Чоряккорон”-и ноҳияи Рӯдакӣ расонаӣ шуда буд. Ӯ нафаронеро, ки дар саҳни масҷиди, ба гуфтаи ӯ “ғайриқонунӣ”, ибодат карданӣ буданд, дашном дода, онҳоро аз масҷид ронд. Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, ӯ фаъолияти масҷидро ғайриқонунӣ медонист. Баъдан Холдоров, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сокинон талаби ӯро, ки мегуфт, масҷид иҷозатнома надорад, нодида гирифта, ӯро асабӣ карданд. Ба гуфтаи Холдоров, ӯ на дар саҳни масҷид балки дар берун алфози дағалеро аз асабоният ба забон овард ва барои ин узр пурсид.

Тибқи маълумоти Кумитаи оид ба корҳои дин феълан дар кишвар беш аз се ҳазор масҷид фаъолият доранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button