ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МУНОҚИШАИ ХУНИНИ БАЙНИ ДУ ҲАМДЕҲА ДАР ХИСТЕВАРЗ

Як ҷавони 18-солаи сокини ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров бо иттиҳоми сӯиқасд ба одамкушӣ боздошт шудааст. ВКД гуфт, шоми 18 апрел, тахминан соати 20:30, як марди 32-cолаи сокини Хистеварз дар дохили мошинаш (тамғаи “Опел Зефира”) бо ин ҷавон ҷанҷол карда, бо корди хоҷагӣ ба қисми рони чапаш як зарба задааст. Сипас, ҷавони 18-сола ба мард дарафтода, кордро аз дасти ӯ кашида гирифтааст ва 12 маротиба ба аъзои баданаш задааст. Тафтишот бояд акнун маълум кунад, ки ин ҷавон то кадом андоза аз ҳадди ҳимоят аз худ убур кардааст?


Сокини 34-солаи Душанбе шаби 17 феврал дар назди ошхонаи ғизоҳои тезпазаки “Набӣ” дар кӯчаи Нахимов марди 37-cола аз ҷамоати Зиракии шаҳри Кӯлобро латтукӯб карда, бо ашёи халандаву буранда (лезва) ба рӯяш зада, ӯро захмдор кардааст. Гумонбаршаванда баъди ду моҳи он ҳодиса ба даст афтодааст.

Сокини 31-солаи пойтахт соати дуи шаби 14 апрел ба як зани 25-сола дар назди хонааш дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамла карда, бо зӯроварӣ телефони тамғаи «Самсунг-Ҷ-2» ва миқдоре пулашро ғорат карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ғоратгарро дастгир кардаанд.



Аз навори хабарҳои рӯзи 20 апрели маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ифшо гардидани сӯиқасди одамкушӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки рӯзи 18-уми апрели соли 2021, тахминан соати 20:30-дақиқа, марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти мазкур дар дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи «Опел-Зафира», бо ҷавони 18-солаи сокини ҳамин ҷамоат ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагӣ ба қисми рони пойи чапаш 1-маротиба задааст.
Сипас, ҷавони 18-сола ба марди 32-сола дарафтода, бо истифодаи зӯроварӣ кордро аз дасти ӯ кашида гирифта, 12-маротиба ба аъзои баданаш задааст.
Дар натиҷа, номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони номбурда дастгир гардида, оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷинояти бо моддаи 32 қисми 3 ва 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани марди 34-сола бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 37-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб муроҷиат намудааст, ки рӯзи 17-уми феврали соли 2021, тахминан соати 01:00, ҳангоми дар кӯчаи Нахимови пойтахт дар назди тезтайёри «Набӣ»-и қарор доштанаш марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе аз ҳисиёти авбошӣ бе ягон асос ӯро дашномҳои қабеҳ гуфта, лату кӯб намуда, бо 1-адад предмети халандаю буранда (лезва) дар рӯяш зада, захмдор намудааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ба саломатиаш зарари ҷисмонӣ бардоштааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷинояти ғоратгарӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза ҷавонзани 25-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 14-уми апрели соли 2021, тахминан соати 02:00, шахси номаълум дар назди бинои истиқоматиаш бо истифодаи зӯроварӣ бо роҳи ошкоро аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг-Ҷ-2» ва каме маблағро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, ба ҷабрдида 1 ҳазору 750 сомонӣ зарар расонидааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button