ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ СОКИНИ БОХТАР ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ МОШИНИ “РАХШ ТАКСИ 3333”

Шаби 16 апрел, тахминан соати 00:00,  сокини 60-солаи шаҳри Бохтар Бӯрихон Мудинов зери чархи мошини “Рахш Такси 3333” ҷон бохтааст. ВКД гуфт, ронандаи  51-солаи  такси Хайралӣ Раҳматов ҳангоми ҳаракат аз самти бозори “Нихи” ба самти бозори “Ҳоҷӣ Шариф” дар назди тарабхонаи “Азия” аз уҳдаи идораи мошин баромада натавонистааст. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Як сокини 41-солаи ҷамоати Ашти ноҳияи Ашт ба он айбдор мешавад, ки  соли 2018 бо роҳи фиреб аз як сокини 43-солаи ҳамин ҷамоат 580 ҳазор рубли русӣ гирифта, аз заминҳои хоҷагии деҳқонии «Шермат» 0,16-га қитъаи замини наздиҳавлигиро ғайриқонунӣ ба вай фурӯхтааст.

Мақомоти милиса “Муслим” ва “Раҳматулло” ном шахсонро барои мардумфиребӣ ҷустуҷӯ доранд. Як сокини 29-солаи ноҳияи Шоҳмансур шикоят кардааст, ки моҳи августи соли 2013 Муслим” ва “Раҳматулло”   дар маҳаллаи Ховарон бо роҳи фиреб бо ваъдаи ҳуҷҷатгузории як қитъаи замин 5 ҳазор доллари ӯро гирифтаанд, вале ин пулро ба манфиати шахсиашон сарф карда, кори ин корафтодаро буд накардаанд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 17 апрели маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани пиёдагард зери чархи автомашинаи “Тойота-Филдер”

Рӯзи 16-уми апрели соли 2021, тахминан соати 00:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Филдер”, Раҳматов Хайралӣ Мусоевич, соли таваллудаш 1970, ронандаи ширкати “Рахш Такси-3333”, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат аз самти бозори ҶДММ “Нихи”-и шаҳри мазкур ба самти бозори ҶДММ “Ҳоҷӣ-Шариф”-и ҳамин шаҳр дар назди тарабхонаи “Азия” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Мудинов Бурихон Қарахонович, соли таваллудаш 1961, сокини шаҳри Бохтарро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Мудинов Б.Қ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ғайриқонунӣ фурӯхтани қитъаи замин

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки соли 2018 марди 41-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ашти ноҳияи Ашт бо роҳи фиреб ба боварии марди 43-солаи сокини ҳамин ҷамоат даромада, аз ӯ 580 ҳазор рубли русӣ гирифта, аз заминҳои хоҷагии деҳқонии «Шермат»-и ҳамин ноҳия 0,16-га қитъаи замини наздиҳавлигиро ғайриқонунӣ фурӯхтааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 29-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи августи соли 2013 дар маҳаллаи Ховарони ҳамин ноҳия “Муслим” ва “Раҳматулло” ном шахсон бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 5 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додаанд, ки қитъаи замини наздиҳавлигиро ҳуҷҷатгузорӣ намуда, ба ӯ медиҳанд. Аммо маблағи мазкурро гирифта ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд.
Барои муайян ва дастгир кардани “Муслим” ва “Раҳматулло” ном шахсон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия идома дорад.


Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button