КОРДЗАНӢ ДАР РӮШОН, МАРГИ ФАРЗАНДИ РОНАНДА ВА ТЕЛЕФОНДУЗДИИ ҶАВОНЗАН
Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 23.03.2023
Бо корд захмӣ гардидани марди 40-сола дар заминаи муноқиша
Ба ШВКД дар ноҳияи Рӯшон бо ариза марди 40-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки ҳангоми дар деҳаи Разуҷ қарор доштанаш, марди 54-солаи сокини ҳамин ноҳия, дар ҳолати мастӣ бо ҷабрдида муноқиша намуда, бо воситаи корд як маротиба ба шикамаш задааст, ки дар натиҷа зарари ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Ба ҳалокат расидани писарбачаи 12-сола дар натиҷаи чаппа шудани автомашина
21-уми марти соли 2023, тахминан соатҳои 21:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс”, Шовалиев Шуҳрат Абдуалимович, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат бо автомашинааш бо ҳамроҳии оила ва писараш аз самти ноҳияи Данғара ба самти ноҳияи Балҷувон ва расидан дар ноҳияи Темурмалик, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, автомашинаро чаппа намудааст.
Дар натиҷа, писари ноболиғаш, Шовалиев Билол Шуҳратович, соли таваллудаш 2011, ба саломатиаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Боздошт гардидани ҷавонзани 23-сола бо ҷурми дуздии телефони мобилӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ аризаи марди 43-солаи сокини шаҳри Панҷакент ворид гардидааст, ки моҳи феврали соли 2023, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҷойи кораш, меҳмонхонаи «Зара», воқеъ дар кӯчаи А.Афсаҳзод, 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг А-52»-ро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 3 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 23-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.