ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҲуқуқи инсонҶанг дар Украина

ДОДГОҲИ ГААГА ҲУКМИ БОЗДОШТИ ПУТИНРО БАРОВАРД

Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ, қароргоҳаш дар шаҳри Ҳейг,  ки дар байни мардум бо номи додгоҳ ё суди Гаага машҳур аст, рӯзи 17-уми марти соли 2023 дар пайи баррасии ҷиноятҳои ҷангии аз тарафи артиши Русия дар хоки Украина анҷомшуда, амр дод, ки президенти Русия Владимир Путин ҳамчун ҷинояткор барои содир намудани ҷиноятҳо алайҳи кӯдакони украинӣ ва аҳолии осоиштаи ин кишвар боздошт карда шавад. Дар баробари Путин, додгоҳи Гаага ҳукми боздошти Мария Алексеевна Лвова-Белова, ваколатдори ҳуқуқи кӯдаки Русияро низ баровард.

Дар баёнияи содирнамудаи додгоҳи Гаага омадааст, ки “имрӯз, 17-уми марти соли 2023 палатаи пеш аз мурофиавии зинаи дуввуми Додгоҳи байналхалқии ҷиноӣ ҳукми боздошти 2 нафар, ҷаноби Владимир Владимирович Путин ва хонум Мария Алексеевна Лвова-Беловаро дар робита ба вазъи дар Украина баамаломада содир намуд”.

Ҳамчунин зикр шудааст, ки “Владимир Владимирович Путин, санаи таваллудаш 7-уми октябри соли 1952, ҳоло раисҷумҳури Федератсияи Русия аст. Президенти Русия Владимир Путин барои ҷиноятҳои ҷангӣ алайҳи кӯдакон ва аҳолии осоиштаи Украина суратгирифта, аз ҷумла, ихроҷи маҷбурии (депортатсия) ғайриқонунии аҳолӣ, ба хусус кӯдакон аз минтақаҳои ишғолшудаи Украина ба Русия, масъул буда, мувофиқи моддаи 8(2) банди А зербанди VII ва банди В зербанди VIII-и Паймони Рум бевосита ва якҷоя бо дигарон гунаҳкор дониста шуд”.

Ҳамчунин ин додгоҳ Путинро бар асоси моддаи 25(3) банди А ва моддаи 28 банди В-и  Паймони Рум гунаҳгор донистааст. Гуфта мешавад, тибқи ин моддаҳо Путин зердастони худ, аз ҷумла аз низомиёнаш ба таври бояду шояд назорат накардааст ва ё иҷозаи даст задан ба ин ҷиноятҳои ҷангиро додааст.

Як рӯз пеш, 16-уми марти соли 2023 комиссияи тафтишотии Созмони милали муттаҳид низ интиқол ва ё ба зӯрӣ бурдани кӯдакони украиниро ба Русия ҷинояти ҷангӣ номида буд.

Вале ҳукуматдорони украинӣ бар ин ақидаанд, ки Путин дар хоки Украина  даст ба наслкушӣ (геноцид) задааст.

Аммо ҷониби Русия таъкид бар он мекунад, ки онҳо кӯдакони украиниро “аз нав тарбияи намуда, дар ботини онҳо ишқу муҳаббат ба Русияро парвариш медиҳанд”.

Бино ба омори расмии Украина, то моҳи феврали соли 2023 Русия ба таври иҷборӣ ва дуздӣ наздик ба 16 ҳазору 221 кӯдакро аз хоки Украинаро берун бурдааст. Комиссияи СММ ин рақамро на таъйид ва на рад кардааст.

Нашрияи амрикоии New York Times рӯзи 13-уми марти соли равон бо такя ба манобеи худ хабар дода буд, ки Додгоҳи байналхалқии ҷиноӣ дар рӯзҳои наздик нисбат ба 2 мансабдори воломақоми Русия дар робита ба ҷиноятҳои содиршуда дар ҷанги Украина парвандаи ҷиноӣ боз хоҳад намуд. Дар ҷавоб ба ин намояндагони Кремл гуфта буданд, ки онҳо ҳукми Додгоҳи байналмиллалиро намепазиранд ва он дар Русия ҳукми қонунӣ надорад.

Мария Захарова, сухангӯи вазорати хориҷаи Русия низ рӯзи 17 март дар вокуниш ба судури амри боздошти Путин айни ин суханонро такрор кард ва гуфт, ин ҳукм барои Русия қурбе надорад.

Дар ҳамин ҳол, додситони кулли Украина Андрей Костин дар робита ба ин хабар дар  Твиттер авиштааст: “Ин маънои онро дорад, ки агар раваду Путин ба ягон кишвари хориҷӣ сафар кунад, ӯро дар онҷо боздошт ва ба Гаага истирдод мекунанд. Барои ҳамин сарони кишварҳои хориҷӣ пеш аз он ки бо Путин мулоқот кунанд, хуб фикр мекунанд”.

Путин, ки 70 сол дорад, аз поёни соли 1999, инак 23 сол боз роҳбарии Русияро дар даст дорад. Ӯ 24 феврали соли 2022 бо баҳонаи “ҳимоят аз аҳолии русзабони Донбасс” ба Украина ҳамла овард ва дар рӯзҳову ҳафтаҳои аввали ҷанг қисматҳои зиёде аз қаламрави Украинаро ба даст овард. Вале баъдан таносуб дар ҷанг ба фоидаи Украина тағйир ёфт ва артиши Украина тавонист тақрибан 50 дарсади қаламравҳои аз сӯи Русия ишғолшударо озод кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button