ВидеоКоррупсияРӯйдодҳои Бадахшон

ГАП ЗИЁД АСТ… БАРКАНОРИИ ПРОКУРОРИ ВИЛОЯТИ БАДАХШОН ПАРВИЗ ОРИФЗОДА

Бино ба иттилои манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод” Орифзода Парвиз Рустам ҳафтае пеш аз мақоми додситон, ё прокурори вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барканор гардида, ба ҷои ӯ алакай Назарзода Авазҷон Нарзуллоҷон таъйин шудааст. Назарзода солҳои охир дар мақоми додситони шаҳри Хуҷанд ва аз он пеш ҳамчун додситони шаҳри Панҷакент кор мекард ва ҳамчун як прокурори ҳалолкор ва бопринсип ном баровардааст.

Як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар Душанбе дар суҳбат бо “Бомдод” хабари барканории Парвиз Орифзода ва таъйини  Авазҷон Назарзодаро тасдиқ кард, вале гуфт, овозаҳо дар бораи гӯё ба ҷиноятҳои коррупсионӣ муттаҳам шудани Орифзодаро ҳанӯз шарҳ дода наметавонад. “Гап зиёд аст, вале ҳаст парванда ё на?, ҳанӯз дақиқ гуфта наметавонам”, гуфт ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Як манбаи наздик ба маъмурияти вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ дар Хоруғ чарх задани чунин овозаҳоро тасдиқ кард, вале ӯ ҳам дар мавриди то куҷо воқеъият доштани ин сарусадоҳо изҳори бехабарӣ кард.

Номи Парвиз Орифзода, ки 47 сол дорад ва соли 1998 риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, соли 2017 прокурори ноҳияи Ванҷ ва соли 2020 прокурори вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин шуд, асосан дар рӯзҳои ҳаводиси хунини Бадахшон вирди забони расонаҳо шуд. Бар асоси ваъдаи мақомот ба эътирозгарони Хоруғ дар моҳи ноябри соли 2021, тафтиши парвандаи марги Гулбиддин Зиёбеков ва ду сокини дигари Бадахшонро бояд маҳз додситонии вилоятӣ, идораи таҳти раҳбарии Парвиз Орифзода, таҳти назорати намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ аз “Комиссияи 44”, ки эътирозгарон интихоб карда буданд, анҷом медод. Аъзои “Комиссияи 44” тайи чанд моҳи фаъолияти худ аз Орифзода ва додситонӣ ҳамеша шикоят мекарданд, ки ҷиҳати муайян ва боздошт кардани қотилони ин се сокини Бадахшон коре намекунад ва карданӣ ҳам нест.

Дар моҳи майи соли 2022 мақомот мавҷи нави эътирозҳо дар Бадахшонро ин дафъа тавассути нирӯҳои вижа (“спетсназ) ва силоҳ саркӯб карданд ва садҳо тан аз сокинони ин вилоят бо иттиҳоми иштирок дар эътирозҳо, узвият дар гуруҳҳои ҷиноятӣ ва ҷурмҳои дигар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашонида шуданд.

30 августи соли 2022 президенти Тоҷикистон даҳҳо тан аз иштирокчиёни амалиёти саркӯби эътирозҳои Бадахшонро бо ордену медалҳо ва рутбаҳои баландтар сарфароз гардонд ва Парвиз Орифзода низ соҳиби рутбаи мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 гардид, ки аз лиҳози мақом ҳамсангу баробари рутбаи генерал-майор аст.

Дар пайи дарёфти рутбаи генералӣ, бисёриҳо бар ин буданд, ки Парвиз Орифзода акнун роҳашро ба мансаби боз ҳам баландтаре дар сохторҳои додситонӣ ҳамвор кардааст.

Дар ин лобало, хабари барканории  Парвиз Орифзода овозаҳои мухталиферо ба вуҷуд овардааст. Дар ҳоле ки мақомот то кунун барканории додситони вилояти Бадахшонро расман шарҳ надодаанд, Aнора Саркорова ва Рустами Ҷонӣ, ду журналисте, ки асосан дар бораи ҳаводиси Бадахшон менависанд, рӯзи 10 феврали соли 2023 дар Фейсбук хабар доданд, ки Орифзода аз ҷумла ба фурӯхтани мошинҳои аз лидерҳои ғайрирасмӣ ва фаъолони ҳабсшудаи Помир мусодирашуда айбдор мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Доктор Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода Ҳамадонӣ гуяд:

    Халқи тоҷик дар хидмати пешвову давлату президенту суду прокурору полису раису вазиру вакилу ғайраву ғайра…10-миллион нафар шоҳиди зинда аст, мо халқи тоҷик дар хидмати ин тоифа ҳастем, бо иҷозату ризоияти инҳо кору зиндагӣ мекунем, дар ҳоле, ки конститутсия комилан акси инро талаб мекунад.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button