Минтақа ва ҷаҳонХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН МЕХОҲАНД ФУРӮШИ НОСРО МАНЪ КУНАНД

Агентии танзими бозори машруботу тамоку ва рушди ангурпарварии Ӯзбекистон тарҳи қонун «Дар бораи танзими истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти машрубот ва тамоку»-ро таҳия кардааст, ки дар он аз ҷумла манъи фурӯши нос дар ин кишвар пешбинӣ шудааст.

Вазорати тандурустии Ӯзбекистон гуфт, тарҳи ин қонун ҳоло дар дасти баррасии кобинаи вазирон қарор дорад.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, истеъмоли носи худсохт ба вазъи саломатии аҳолии Ӯзбекистон таъсири манфӣ дошта, ба иқтисоди кишвар низ зарар мерасонад.

Бино ба омори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, миқёси истеъмоли тамокуи бедуд дар байни наврасони аз 13 то 15-сола дар Ӯзбекистон дар байни кишварҳои ҳамсоя аз ҳама баландтарин буда, бино ба ин манбаъ, 6 фоизи наврасон дар Ӯзбекистон нос истеъмол мекунанд.  Ин нишондиҳанда дар Қирғизистон  5,1%, дар Тоҷикистон – 1,8%, дар Қазоқистон – 0,6% ва дар Туркманистон – 0,2%-ро ташкил мекунад.

Манбаъ: https://rus.ozodlik.org/a/31032269.html

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button