ВидеоҶомеа

СОКИНИ НОБИНОИ ҲИСОР ГУРУСНАНИШИНӢ ЭЪЛОН КАРД

Муаллиф: Сайфиддин Караев, Asia-Plus

Ӯ умедвор аст, ки ба ин тариқ таваҷҷуҳи мақомотро ҷалб мекунад.

Сокини нобинои шаҳраки Ҳаёти Нави шаҳри Ҳисор Амиршо Ғафуров ба идораи “Азия-Плюс” занг зада, хабар дод, ки се рӯз инҷониб чизе нахӯрдааст. Ба нишони эътироз аз бепарвоии мансабдорони Вазорати тандурустӣ ва мақомоти шаҳри Ҳисор гуруснагӣ эълон кардааст.

Ба гуфтаи Амиршо, “ба замми маъюб будан аз биноӣ, пас аз буридани як пояш, имкон надорад, ки кор кунад”.

“Ҳар моҳ кумакпулӣ мегирам, лекин он кам аст”, – мегӯяд Амиршо.

Пас аз буридани як пояш ба ӯ муолиҷа таъин карданд, ки як давраи он 2 ҳазору 700 сомонӣ нарх дорад.

“Дар як сол бояд чор маротиба муолиҷа кунам, ҳар як ҳаб (таблетка) 400 сомонӣ нарх дорад, лекин ман пул надорам, – мегӯяд Ғафуров. – Мувофиқи қонун, ин доруро ба ман бояд бепул диҳанд. Лекин аллакай як моҳ гузашта, онро намедиҳанд”.

Амиршо мегӯяд, ӯ ҳар рӯз ба шахсони масъули Вазорати тандурустӣ ва мақомоти шаҳри Ҳисор занг мезанад, лекин ҳамааш бефоида аст. Ҳеҷ кас гӯшаки телефонро намебардорад.

“Мансабдорон омада, бо вазъи ман шинос мешаванд, дилсӯзӣ мекунанду мераванд. Аз ин ҳоли ман беҳтар намешавад, – мегӯяд Амиршо, ки дар як хонаи начандон калон дар қаламрави Комбинати таълимӣ-истеҳсолии нобиноёни Ҳисор зиндагӣ дорад. – Ин ҷо қубурҳо пур ва баста шуда, касе нест, ки онҳоро тоза кунад. Дар ҳукумати шаҳр мегӯянд, ки хона хусусӣ аст ва аз ин рӯ, корҳои таъмир аз ҳисоби иқоматкунандагон гузаронида мешаванд”.Хона дар шаҳраки Ҳаёти Нав


Амиршо Ғафуров бо ин бепарвоии мансабдорон дучор шуда, ба иқдоми маҷбурӣ даст зад – дар назди мардум гуруснанишинӣ эълон кард, то ки мақомоти ҳукуматро ба ҳалли мушкилаш ҷалб намояд.

Тавре ки Амиршо мегӯяд, пештар ӯ ба ҳайси устои панҷараи оҳанӣ дар комбинат кор карда, сипас муддати 13 сол раиси кумитаи маҳалла буд. Ду сол пеш як пояшро бар асари гангрена (аз кор мондани қисмате аз узви бадан бо сабаби нарасидани хун) буриданд.

“Мақомоти маҳаллӣ аз гуфтугӯ бо мо худро канор гирифта, дар ҳаққи мо ғамхорӣ намекунанд”, – изҳор мекунанд кормандони маъюби Комбинати таълимӣ-истеҳсолии нобиноён дар шаҳраки Ҳаёти Нав.

Ба қавли вай, дар саросари Ҳисор ҷамъияти нобиноён 400 ва дар корхона 170 нафар аъзо дорад. Имрӯз одамони комбинат ба ҳоли худ гузошта шудаанд. Кор нест ва шароити зиндагӣ мушкил аст. Бисёриҳо барои талбандагӣ ба Душанбе ва дигар шаҳрҳо мераванд. Баъди буридани як пой, Амиршо аз ин имкон низ маҳрум шудааст.

Дар ҳамин ҳол, аз Вазорати тандурустӣ ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуданд, ки “доир ба ин масъала каме баъдтар посух мегӯянд”.

Ба “Азия Плюс” муяясар нашуд, ки то ин дам бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти шаҳри Ҳисор тамос бигирад.

Манбаъ: Аsia Рlus

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button