ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУ СОКИНИ ДУШАНБЕ 5 МОШИНРО ФУРӮХТА, 100 ҲАЗОР ДОЛЛАР ПУЛАШРО НАДОДААНД

Ду сокини 33 ва 46-солаи пойтахт ба он айбдор мешаванд, ки аз як сокини Душанб 5 мошини тамғаҳои гуногунро ба маблағи 100 ҳазор доллар гирифта, ваъда додаанд, ки дар иваз ба ӯ ҳавлии истиқоматӣ медиҳанд, вале мошинҳоро фурӯхта, то ҳол ваъдаашонро иҷро накардаанд.

хххххххххххх

Сокини 30-солаи  Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки соати панҷи субҳи 29 ноябр аз як устохонаи таъмири мошинҳо дар ношияи Сино чанд асбоби техникиро ба маблағи 20 ҳазору 500 сомонӣ, ё тақрибан 2 ҳазор доллар дуздидааст.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 06.12. 2022

Ошкор шудани ҳолати қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон

11

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 23-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи октябри соли 2022, ду марди 33 ва 46-солаи сокинони пойтахт аз ӯ 5-адад автомашинаи гуногунтамғаро ба маблағи 100 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта ваъда додаанд, ки дар иваз ҳавлии истиқоматӣ ба ӯ гирифта медиҳанд.
Аммо автомашинаҳоро фурӯхта маблағҳояшонро ба манфиати шахсияшон сарф намудаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Даст ба дуздӣ задани марди 30-сола

004

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 29-уми ноябри соли 2022, тахминан соати 05:05-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди нуқтаи таъмири воситаҳои нақлиётиаш шуда, аз он ҷо якчанд асбоби техникиро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 20 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button