ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

МУРДАИ ДУ ГУМОНБАР ДАР ТАҶОВУЗ ВА ҚАТЛИ ДУХТАРИ 14-СОЛАРО ДАР СИЗО ОВЕЗОН ЁФТАНД

Ҷасадҳои ду нафари гумонбар дар таҷовуз ба номус ва куштори духтари синфи 8 дар ноҳияи Қадамҷойи вилояти Бодканди Қирғизистонро шаби 3 ба 4 декабри соли 2022 дар СИЗО, ё боздоштгоҳи шаҳри Ӯш дар ҳолати ба дор овезон пайдо кардаанд. Манобеи нашрияи Кактус. Медиа  дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон гуфтаанд, ки онҳо дар ин боздоштгоҳ, ки ҳамаи 4 нафари гумонбар дар ин ҷинояти мудҳишу нангин дар ҳамин ҷо нигоҳ дошта мешуданд, худкушӣ кардаанд. Тафсилоти дигари ҳодиса дастрас нест.

Хабари ёфт шудани ҷасадҳои ду гумонбар дар ин парвандаи пурсарусадоро ба радио Азаттык Элеонора Сабатарова, сухангӯи Хадамоти зиндонҳои Қирғизистон низ тасдиқ карда гуфтааст, ки онҳоро дар ҳолати ба дор овезон пайдо карданд ва дар ин робита тафтишот ҷараён дорад.

Рӯзи 4 сентябри соли ҷорӣ дар паҳлуи деҳаи Ноогардагни ноҳияи Қадамҷои вилояти Бодканд дар роҳи Ӯш —Раззоқов (собиқ Исфана) дар дохили нақби селпарто ҷасади як духтари 14-соларо пайдо карданд. Мақомоти милитсияи вилояти Бодканд гуфта буд, ки дастони духтарак баста буд ва дар гарданаш изи буғӣ кардан бо арғамчин мушоҳида мешуд. Бовар меравад, ки ин духтари синфи ҳаштро аввал таҷовуз карда, сипас барои пӯшондани изи ҷинояташон куштаанд.

Бо гумони даст доштан дар ин ҷиноят аввал се сокини ҷавони ноҳияи Қадамҷой, солҳои таваллудашон 1995, 1997 ва  1998 и 1995 дастгир гардида, баъди чанде гумонбари чорум дастгир шуд, ки ӯ ноболиғ буда, ҳамагӣ 16 сол дорад.

Ҳанӯз маълум нест, ки аз ин 4 гумонбар ҷасадҳои кадоми онҳоро дар боздоштгоҳ пайдо кардаанд?

Дар пайи таҷовуз ва қатли духтараки ноболиғ дар ноҳияи Қадамҷой дар парлумони Қирғизистон даъватҳое садо дод, ки барои ҳукми қатлро барои педофилҳо барқарор кунанд. Вакили парлумон Улан Бақасов тарҳи қонунеро пешниҳод кард, ки ҳамчун ҷазо ахта (кастратсия) кардани афроди гунаҳкор дар таҷовуз ба номуси кӯдаконро пешбинӣ мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button