ВидеоМинтақа ва ҷаҳонТоҷикистон

ВИДЕО: МУҲИМТАРИН ХАБАРҲОИ ТОҶИКИСТОН АЗ ПОЙГОҲИ «БОМДОД. 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2021

Дуруд ба якояки тамошобинони азизи барномаҳои пойгоҳи хабарии “Бомдод”.

Соли наватон муборак!

Хулосаи муҳимтарин хабарҳои рӯзи 1 январ, нахустин рӯзи соли нави 2021-ро бароятон пешкаш мекунем.

Дар ин барнома:

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, рӯзи 31 декабр дар Тоҷикистон ягон ҳолати  нави коронавирус сабт нашудааст ва ягон нафар бо ин беморӣ дар беморхонаҳо боқӣ намондааст.

Нуриддин Ризоӣ, яке аз роҳбарони “Гуруҳи 24” эълон кард, ки аз сиёсат канор меравад.

Исмоили Муҳаммадзоир, набераи калонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон табобати як кӯдаки 13-солаи мариз аз Истаравшанро бар уҳда гирифтааст.

Бар асари ба ҷарии 15-метр чаппа шудани мошини боркаши Мерседес ронандаи 53-солаи он ба ҳалокат расид.

Дар як муноқишаи мастона дар шаҳри Бӯстон сокини 40-солаи ҷамоати Гули Сурхи Истаравшан аз шикамаш корд хӯрдааст.

Як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия ба азобу уқубати ҳамватанаш айбдор мешавад. Он муҳоҷирро овехтанд, ғарқ карданд, оташ заданд, вале ӯ зинда мондааст.

Pаиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Конибодом полковник Солиҷон Раҳимов аз олам чашм пӯшид.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати гирифтории сокинон ба бемории коронавирус сабт нашудааст. Бино ба ин манбаъ, ҳоло дар Тоҷикистон ҳамагӣ 355 нафар бо нишонаҳои сабуки бемории коронавирус дар хона табобат мегиранд, вале дар беморхонаҳо ягон бемори коронавирус боқӣ намондааст.

Бар асоси омори расмии вазорати тандурустӣ, то шоми 31 декабр дар Тоҷикистон 13 296 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шуда, аз ин шумор 90 нафар ҷон бохта, 12 851 нафар, яъне 96,6% аз ҷамъи беморон шифо ёфтаанд.

Вале бисёриҳо иддаоҳо дар бораи “қариб ба нестӣ расидани коронавирус дар Тоҷикистон”-ро каме пеш аз вақт мешуморанд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар  дар паёми солинавиаш изҳор дошт, ки коронавирус дар Тоҷикистон қариб ба нестӣ расидааст. Вале ӯ ҳушдор дод, ки мардум набояд бепарвову фориғбол шаванд.

*****

Нуриддин Ризоӣ, масъули бахши равобити хориҷии ҳаракати оппозитсионии дар Тоҷикистон феълан мамнӯи “Гуруҳи 24” эълон кард, ки аз фаъолиятҳои сиёсӣ фосила гирифта, “бештар болои барномаҳои илмӣ, тиҷоратӣ” тамаркуз кунад. Ризоӣ рӯзи 1 январ дар Фейсбук навишт: Ин тасмим баъди тафаккури амиқ гирифта шуд. Албатта сабабҳо зиёданд, муҳимтарини онҳоро дар он мебинам, ки мардуми мо ҳоло омодаи дигаргунӣ нест.Нуриддин Ризоӣ рӯзи 1 январ дар мусоҳиба бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, мехоҳад таҳсилашро дар ягон мактаби олии Австрия идома диҳад. Ризоӣ 33 сол дошта, барномаҳои “Садои мардум” ва “Бидуни марз”-ро гардонандагӣ мекард ва дар тақрибан ҳамаи иқдомҳои эътирозии “Гуруҳи 24” фаъолона иштирок дошт.

“Гуруҳи 24” соли 2012 аз ҷониби соҳибкор Умаралӣ Қувватов баъди фирор аз Тоҷикистон ташкил шудааст. Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти “Гуруҳи 24”-ро моҳи октябри соли 2014 манъ кард.

*****

Исмоили Муҳаммадзоир, набераи калонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон табобати як кӯдаки 13-солаи мариз аз Истаравшанро бар уҳда гирифтааст. Дар ин бора бо нашри як видео дар гуруҳи фейсбукии “Мо – Тоҷикистонием!” Хадича Бозорова хабар дод. Дар ин видео бибии кӯдаки мариз қисса мекунад, ки чӣ гуна барои табобати наберааш дар ба дари идораҳои гуногун давиданд ва дар ниҳоят Исмоили Муҳаммадзоир ба кумаки онҳо расид. Дар видео дида мешавад, ки бибии кӯдак ашк дар чашм даст ба дуо кушода, барои Исмоили Муҳаммадзоир дуру дароз дуои хайр медиҳад.

Исмоили Муҳаммадзоир 21 сол дошта, фарзанди Фирӯза Раҳмонова, духтари калонии президент, ва домоди калониаш Муҳаммадзоир (Зоир) Соҳибов мебошад. Исмоил қаблан ҳам бо иштироки фаъолонааш дар корҳои хайр ва дастгирии варзишгарону ҳунармандон ном бароварда буд. Моҳи сентябр гузориш шуда буд, ки ӯ ба Муҳаррам Очилова ва духтари ӯ дар яке аз кӯчаҳои марказии шаҳри Турсунзода ду хонаи навсохт туҳфа кардааст.

*****

Шаҳрдории Конибодом рӯзи 1 январ хабар дод, ки раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Конибодом полковник Солиҷон Раҳимов аз олам чашм пӯшид. Полковник Раҳимов 42 сол собиқаи кор дошта, аз ҷумла 38 сол дар мактаби муттаҳидаи техникии шаҳри Конибодом кор кардааст. Солиҷон Раҳимов се соли охир роҳбарии Шӯрои ветеранҳои Конибодомро ба дӯш дошт. Дар бораи иллати марги полковник Раҳимов чизе гуфта нашудааст. Дар таъзияномаи шаҳрдорӣ полковник Раҳимов ҳамчун “инсони комил ва поксиришту соҳибдил, шахси некному окқил, хоксору фурӯтан ва фидоии кори миллату давлат” тавсия шуда, таъкид шудааст, ки ӯ дар “тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи инсондӯстиву ватанпарастӣ” нақши босамар дошт.

*****

Шаби 31 декабр, тахминан соати 02:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «Мерседес-Бенс» Гадоев Сайалишо Назарович, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ мошинашро ба чуқурии 150-200-метр чаппа кардааст. Дар натиҷа, ронанда ҷароҳати вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

*****

Марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшан бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар ҳудуди шаҳри Бӯстон дастгир карда шуд. ВКД гуфт, боздоштшуда шаби 31 декабр, Бӯстон қарор доштан, дар ҳолати мастӣ, ба шиками як ҳамдеҳаи 40-солааш корд задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

*****

Як шаҳрванди 29-солаи Ӯзбекистон дар Русия ба азобу уқубат ва боздошти худсаронаи як ҳамватанаш айбдор мешавад. Сайфуддин Оқилбеков, прораби як сохтмон дар деҳаи Виллози дар ноҳияи Ломоносови вилояти Ленинград, рӯзи 14 август як коргари 43-сола аз Ӯзбекистонро ба дарахт овехтанӣ шудааст Баъдан ин коргарро маҷбур кардаанд, ки ба даст асбоби вазнин гирифта, ба об бидарояд, то ғарқ шавад. Сабаби ин қадар ба қаҳр омадани прораб аз ин коргар гуфта нашудааст, вале баъд ин коргарро дар назди гулхан шинонда, ба баданаш маводи сӯхт рехтаанд ва оташ задаанд. Марди бечора худро ба об партофта, оташи баданашро хомӯш кардааст. Вале азобдиҳандаҳои ӯ боз ҳам ором нагирифта, ин муҳоҷири ӯзбекро дар вагон маҳкам кардаанд ва то рӯзи 17 август шиканҷа додаанд.

Ба Сайфуддин Оқилбеков барои азобу уқубати ҳамватанаш то 7 соли зиндон ва барои боздошти ғайриқонунӣ то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button