ВидеоНомаҳо ба президентҲуқуқи инсон

ЖУРНАЛИСТИКА ҶИНОЯТ НЕСТ! САҲА ОЗОДИИ ҲАМАИ ЖУРНАЛИСТОНИ ЗИНДОНИИ ТОҶИКРО ТАЛАБ КАРД

Намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар умури озодии матбуот Тереза Рибейро 7 сол ҳукми зиндони журналисти тоҷик Завқибек Саидаминиро “боз як зарбаи дигар ба озодии матбуот “дар Тоҷикистон номид ва гуфт, мақомоти Тоҷикистон бояд тамоми журналистони зиндониро озод карда, ба аҳли матбуот имкони фаъолияти озодона бидиҳанд.

Тереза Рибейро дар як баёния, ки рӯзи 8 ноябри соли 2022 дар саҳифаҳои расмии намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар Твиттер ва Телеграм нашр кард, навиштааст: “7 сол ҳукми зиндони журналист Завқибек Саидаминӣ дар Тоҷикистон ин боз як зарбаи дигар ба озодии матбуот дар ин кишвар аст. Тамоми журналистони зиндонӣ бояд озод карда шаванд ва имкони гузориш додан дар бораи масоили мавриди таваҷҷуҳи ҷомиа, аз ҷумла пиромуни масоили амниятӣ барояшон фароҳам оварда шавад. Журналистика ҷиноят нест!”

Аз ин қабл, Кумитаи дифоъ аз журналистон ва созмони “Хабарнигорони бидуни марз” низ ҳукми зиндони Завқибек Саидаминӣ, Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатиро ба боди шадиди танқид кашида, аз мақомоти Тоҷикистон озодии онҳоро талаб карданд. “Хабарнигорони бидуни марз”  иттиҳомоти зидди ин се журналисти маҳкумшуда ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро, ки дар интизори шурӯи мурофиааш дар боздошт қарор дорад, бофтаю дурӯғ номид ва гуфт, мақомоти Тоҷикистон бо иттиҳоми бофтаи “ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ” мехоҳанд даҳони журналистони мунтақидро бубанданд.

Авазмад Ғурбатов (Абдуллоҳ Ғурбатӣ), хабарнигори хабаргузории мустақили “Азия-Плюс”,  ва Далери Имомалӣ, журналисти таҳқиқгар рӯзи 15 июни соли 2022 дар пайи нашри силсилаи гузоришҳои таҳқиқотӣ дар бораи худсарона ва бо дастури мақомот вайрон кардани хонаҳои сокинони маҳаллаи Панҷшери ноҳияи Шоҳмансур ба ҳабс гирифта шуданд. Дар аввали моҳи июл  Завқибек Сайдаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳамадзодаро, ки бо талаби раҳоии он ду ҳамкасби худ садо баланд карда буданд, дастгир карданд.

Рӯзи 4 октябр Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 7 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд. Додгоҳ ӯро ба зӯроварӣ нисбат ба корманди милитсия ва узвият дар созмони ифротӣ гунаҳкор шинохт.

17 октябр Далери Имомалӣ ба 10 соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳ ӯро дар соҳибкории ғайриқонунӣ, паҳн кардани хабари бардурӯғ ва них дар узвият дар “Гуруҳи 24”, як ҳаракати оппозитсионии аз соли 2014 дар Тоҷикистон мамнӯъ гунаҳкор шинохт.

Рӯзи 4 ноябр Завқибек Саидаминӣ  бо ҷурми узвият дар “Гуруҳи 24” ва Ҳизби наҳзати исломӣ, боз як созмони оппозитсионии дар Тоҷикистон мамнӯъ ба 7 соли зиндон маҳкум шуд.

Тоҷикистон дар раддабандии имсолаи ин созмон аз лиҳози сатҳи озодии матбуот дар байни 180 кишвар дар мақоми 152-юм қарор гирифт. Ин назар ба мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии соли 2015  каму ғам не, 36 зина пойинтар аст.

Аз моҳи май то августи соли 2022 дар Тоҷикистон дастикам 12 журналисту блогер, аз ҷумла 6 журналисту блогери зодаи Бадахшон боздошт ва 4 нафари онҳо алакай маҳкум ба зиндон шудаанд. Ба эҳтимоли ғолиб, ин ҳабсҳо ба мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии навбатии сатҳи озодии матбуот таъсири манфӣ хоҳад расонд ва имкон дорад, ки Тоҷикистон имсол дар рӯйхатти сиёҳи давлатҳои саркӯбгари матбуоти озод қарор бигирад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button