ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЯК КАМАЗ ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ БА ҶАРИИ УМҚАШ 700-800 МЕТР ЧАППА ШУДААСТ

Нимаи дуюми 26 сентябр, тахминан соати 17:45 дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанок», дар ҳудуди мавзеи Хушекати ноҳияи Айнӣ бар асари ба ҷарии чуқуриаш 700-800 метр чаппа шудани як мошини боркаши КАМАЗ ронандаи ин мошин, сокини 52-солаи Турсунзода Ибодулло Ӯрунбадалов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
хххххххххххххх

Сокини 42-солаи пойтахт  ба он гумонбар мешавад, ки бо роҳи фиреб аз як сокини Душанбе ду мошини тамғаҳои “ВАЗ-21015” ва “Тойота-Кoролла”-ро 95 ҳазор сомонӣ нарх карда, гирифтааст, вале то ҳол пулашро надодааст.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 28.09.2022

Чаппа шудани автомашинаи боркашон ба ҷарӣ

029

26-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 17:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркашони тамғаи «Камаз», Ӯрунбадалов Ибодулло Усмонович, соли таваллудаш 1970, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанок», дар ҳудуди мавзеи «Хушекат»-и ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ҷарии тахминан 700-800 метр чаппа шудааст.
Дар натиҷа, ронанда Ӯрунбадалов И.У. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

БАРОИ МАЪЛУМОТ

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Муроҷиати шаҳрванд оид ба қаллобӣ

009

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 37-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки марди 42-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “ВАЗ-21015” ва 1-адад автомашинаи тамғаи “Тойота-Кoролла”-ро ба маблағи 95 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки маблағро дар муддати кӯтоҳ бар мегардонад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button