ДИҚҚАТ!!! ШАФОАТ – ДУХТАРИ 14-СОЛАИ САРВИНОЗ САФАРОВА ГУМ ШУДААСТ!
Шафоат Сафарова, духтари 14-солаи раҳбари созмони хайрияи “Баҳори кӯдакон” Сарвиноз Сафарова (Sarvinoz Safarova) соати ҳафти субҳи 18 сентябри соли 2022 аз хонаашон дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе ба кӯча баромада, бо ҳамин бедарак шудааст. Ба гуфтаи модараш, Шафоат гуфтааст, ки ба мағозаи назди хонаашон меравад, вале маълум нест, ки куҷо рафтааст? Сарвиноз Сафарова гуфт, азбаски духтараш пештар ҳам чанд бор гум шуда буд, барояш дастпона дуруст карда буд, ки дар он ному насаб, суроғаи маҳалли зист ва ҳамчунин рақами телефон барои тамос навишта шуда буд.
“Вале ин субҳ Шафоат, вақте аз хона мебаромад, на он дастпонаро гирифтаасту на телефонашро”, мегӯяд модари духтар.
Шафоат маъюб буда, ҳангоми суҳбат мушкилӣ мекашад, вале медонад, ки номаш Шафоат аст.
Ба гуфтаи модараш, субҳи 18 сентябр Шафоат як спортивкаи рангаш осмонӣ аз хона баромадааст (дар акси зер).
Аз ҳамаи онҳое, ки ин духтарро дар ягон ҷо дидаанд ваё бораи куҷо буданаша маълумоте доранд, хоҳиш мекунем, бо ин рақам ба модараш Sarvinoz Safarova хабар диҳед: