ВидеоТоҷикистонҶомеа

ДАР ХУҶАНД ЯК КОРМАНДИ МИЛИТСИЯ ЗАНУ КӮДАКОНИ ҲАМКОРАШРО ОТАШ ЗАДААСТ

Капитани милитсия З.А., муфаттиши гурӯҳи бақайдгирии маводҳои амалияи маъмурии шуъбачаи ахбори фаврию иттилоотии РВКД вилояти Суғд раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ва ҷияни ӯ, ки дар Академияи ВКД Тоҷикистон таҳсил мекард, бо иттиҳоми куштори бераҳмонаи ҳамсари як ҳамкораш ва сӯиқасд ба куштани ду фарзанди хурдсоли ӯ дастгир шудаанд. Бино ба иттилои дарёфтии пойгоҳи хабарии “Бомдод”, З.А. – ғолиби озмунҳои “Китобхони беҳтарин” дар солҳои 2018 ва 2020 – шаби 5 сентябри соли 2022 дар пайи як муноқиша дар заминаи рашк ба сару рӯи ҳамсари ҳамкораш бензин рехта, ӯро оташ задааст. Вале лаҳзаи чӣ гуна аз ҷои ҳодиса фирор кардани ӯву ҷиянашро дурбинҳои видеокамераҳои назоратӣ сабт кардаанд.

Манобеи аз ин қазия огоҳи пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд, ки  ҳамсари майор П.Т. (зодаи ноҳияи Восеъ ва фарзанди Т.Т., як мансабдори баландпояи Додситонии кулли Тоҷикистон)  аз равобити ошиқонаи шавҳараш бо ҳамкораш капитан З.А. хабар ёфта, ба З.А. занг зада, муноқиша кардааст. Шаби 5 сентябр З.А ҷиянаш – курсанти Академияи милитсияро ҳамроҳи худ гирифта, барои “разбор” ба хонаи майор П.Т. будааст. Хонаи майор дар як бинои истиқоматии баландошёна дар касаба, ё микрорайони 19–уми шаҳри Хуҷанд мебошад.

Худи майор он шаб дар хона набудааст.  З.А. ба хона даромада, бо ҳамсари П.Т. ҷанҷол кардааст ва сипас дар сари қаҳр ба сару рӯи зан бензин рехта, ӯро оташ задааст. Баъди ин З.А. ва ҷиянаш ҳамсар ва ду фарзанди хурдсоли майорро дар он хона гузошта, дарро ба рӯяшон маҳкам кардаанд ва ҷои ҳодисаро тарк гуфтаанд.  Ҳамсари П.Т. бар асари сӯхтани аъзои баданаш ба ҳалокат расидааст, вале хушбахтона,  ҳамсояҳо садои доду фарёдро шунида, ба кумак расидаанд ва тавонистаанд фарзандони ин занро, ки низ аъзои баданашон сӯхта буд, аз он хона берун оварда, ба бемористон интиқол диҳанд.

Лаҳзаи ба хона даромадан ва аз онҷо баромадани З.А. ва ҷияни ӯро дурбинҳои видеокамераҳои назоратӣ сабт кардаанд ва онҳоро алакай баъди соате бар асоси ҳамин сабтҳо муайян ва дастгир карданд.

Ба З.А. ва ҷияни ӯ, ки як духтари ҷавон ва донишҷӯи Академияи ВКД будааст, барои куштори ҳамсари ҳамкораш бо бераҳмии махсус ва қасди куштори ду кӯдак ва ҳамчунин барои дар ҳолати хатар ба ҳаёташон танҳо партофтани онҳо  ҳамчун ҷазо аз 15 то 25 соли зиндон ва ҳатто ҳабси умрбод таҳдид мекунад.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, ҳангоми таҳқиқи телефони З.А.  аз он чанд навори ҳамхобагии ӯ бо ҳамкорони дигарашро низ пайдо кардаанд. Маълум мешавад, ки З.А. бо кадом мақсаде лаҳзаҳои  мулоқотҳои маҳрамона ва алоқаҳои ҷинсиаш бо ҳамкоронро сабт карда, мегирифтааст.

Бархе аз ин сабтҳо алакай дар Хуҷанд дар телефонҳо ба сайр даромадаанд ва чанд видеояш ба дасти идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” низ расид. Вале идораи “Бомдод” ба далелҳои ахлоқӣ аз нашри ин наворҳо худдорӣ мекунад ва умедвор аст, ки қазияи З.А. барои ҳамаи он кормандони милитсияи Суғд, ки даст ба зино зада буданд, як дарси хубе барои ибрат хоҳад шуд.

Ҷолиб он аст, ки З.А., ки соли 2017 Академияи ВКД–ро хатм кард ва ба ҳайси нозир ва смпас муфаттиши гурӯҳи бақайдгирии маводҳои амалияи маъмурии шуъбачаи ахбори фаврию иттилоотии РВКД вилояти Суғд кор мекард, ҳамчун як корманди хушмутолиа пайваста қадрдонӣ мешуд.

Аз ҷумла, бино ба иттилои сомонаи ВКД Тоҷикистон,  соли 2018 З.А., ки он вақт ҳанӯз лейтенанти калон ва нозир буд, дар озмуни ҷумҳуриявӣ байни кормандони ВКД вобаста ба асари «Марги судхӯр»-и Садриддин Айнӣ сазовори ҷои аввал ва 4 ҳазор сомонӣ туҳфаи асосии ин озмун шуда буд.

Дар поёни соли 2020 бошад З.А. дар озмуни  “Китобхони беҳтарин” дар РВКД вилояти Суғд  ҷои дуюмро гирифт.  Дар хабари  қадрдонии ғолибони ин озмун бо туҳфаҳову ифтихорномаҳо аз ҷумла чунин гуфта мешуд: “Хулосаи мантиқии озмуни мазкур дар он дида мешавад, ки хондани китоб инсонро тарбия ва ба роҳи рост ҳидоят менамояд. Ба андешаи бузургон, “шахси китобхон ба ҷаҳолат роҳ намедиҳад”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button