ВидеоМуҳоҷиронҶанг дар Украина

“БАЧААМ, ПОЯТ СОЗ МЕШАВАД, ТУ ДУО КУН ФАҚАТ…” БОЗ ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР УКРАИНА АСИР АФТОДААСТ (2 ВИДЕО)

Каналҳои украинӣ  видеои як ҷавони 24-сола аз Тоҷикистонро нашр карданд, ки дар Украина дар ҷараёни задухӯрдҳо бо артиши Русия асир афтодааст. Тағоймуродов Абдураҳим Абдураҳмонович, санаи таваллудаш 27 ноябри соли 1997, зодаи шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, дар ин видео ба як журналисти украинаӣ мусоҳиба дод ва аз ҷумла нақл кард, ки аз соли 2015 дар Русия зиндагӣ мекард ва соҳиби шаҳрвандии Русия шуда, тибқи қарордод дар артиши Русия хидмат мекард. Ӯ гуфт, рутбааш сержанти хурд аст ва қисми ҳарбии онҳоро аввал ба вилояти Белгород ба наздикии марз бо Украина партофтанд ва рӯзҳои 4 ё 5 март онҳо вориди хоки Украина шуданд. Абдураҳим Тағоймуродов рӯзи 10 июл аз пойҳояш тир хӯрда, ба дасти нирӯҳои артиши Украина асир афтод. Ба иллати захмҳои бардоштааш ӯ ҳоло роҳ гашта наметавонад.

Дар посух ба ин суол, ки ӯро чӣ гуна ба артиши Русия пазируфтанд?, Абдураҳим ҷавоб дод, ки “ҳамту, қарордод имзо кардаму сар кардам хидматро…”  Аз ӯ пурсиданд, ки ба Украина чӣ хел омад? Абдураҳим ҷавоб дод, ки “моро ба инҷо ба командировка фиристоданд”.

Журналистони украинӣ ба падари Абдураҳим Абдураҳмон Тағоймуродов ҳам занг заданд. “Бачаам, поят соз мешавад, ту фақат дуо кун”, – гуфт падараш хитоб ба Абдураҳим. Ӯ ҳамчунин изҳори умед кард, ки ин ҷанги, ба гуфтаи Абдураҳмон Тағоймуродов, “бемаънӣ” дар Украина ҳарчӣ зудтар ба поён мерасад ва фарзанди ӯ сиҳату саломат ба хона бармегардад.

Худи Абдураҳим, вақте журналистон аз ӯ пурсиданд, ки чаро ин қадар ғамгину афсӯрда ба назар мерасад?, иқрор кард, ки хеле мехоҳад ба хона баргардад…

Қаблан каналҳои украинӣ видеои дигареро нашр карданд, ки дар он муфтӣ Ҳайдар Рустамов (Айдер Рустемов) аз Иттиҳодияи мусалмонони Украина дар масҷид бо се аскари мусалмони артиши Русия, ки дар Украина ба асорат афтодаанд, мулоқот мекунад. Яке аз ин асирон Абдураҳим Тағоймуродов буд.

Муфтӣ ба онҳо дар бораи  бемаънӣ ва беҳадаф будани  ҷанги Русия бо Украина ва ҳеҷ рабте ба ҷиҳод надоштани ин ҷанги бародаркуш суҳбат карда, дар охир асиронро барои намоз даъват мекунад. Азбаски Абдураҳим ба сабаби захмҳои пояш  рост истода наметавонист, ба ӯ маслиҳат доданд, ки намозашро нишаста, бихонад.

Бо гузашти 6 моҳ аз оғози ҷанги Русия бо Украина дар бораи дар ин ҷанг кушта шудани ҳудуди 20 зодаи Тоҷикистон хабарҳо ба даст расидаанд. Ҳамаи онҳо ба сурати қарордодӣ дар ҳайъати Қувваҳои мусаллаҳи Русия меҷангиданд. Вале дар бораи дар натиҷаи бомбаборони нирӯҳои Русия дар шаҳри Харкови Украина ҳалок шудани дастикам як зодаи Тоҷикистон низ гузориш шудааст. Ҳамчунин хабар дода буд, ки Темур Шамсов ном зодаи Душанбе, ки дар саффи нирӯҳои Украина меҷангид, дар наздикии Донетск ба дасти артиши Русия асир афтодааст. Баъдан маълум шуд, ки  падари Темур Шамсов дар ҳақиқат тоҷик буд ва ӯ дар Душанбе ба дунё омадааст, вале ҳанӯз дар давраи кӯдакӣ ҳамроҳи модараш ба Украина кӯчида, дар онҷо ба воя расидаст ва ҳамчун шаҳрванди Украина дар саффи нирӯҳои мусаллаҳи он кишвар хидмат мекард.

Артиши Русия рӯзи 24 феврали соли 2022 ба Украина ҳамла карда,  қисматҳое аз қаламравҳои ҷанубу шарқи он кишварро ишғол кард. Вале нақшаи  асосии генералҳои рус: ишғоли Киев, пойтахти Украина дар байни ҳамагӣ чанд рӯз ва ташкили як ҳукумати рӯ ба Русия дар Украина иҷро нашуд ва ҳамлаҳои артиши Русия дар аксари самтҳои калидӣ ҳоло дучори бунбаст шудааст.

Ҷанги Русия бо Украина яке аз пурқурбонитарин ҷангҳои ҷаҳони имрӯза ба шумор меравад.

Моҳе қабл Уилям Бёрнс, мудири Идораи марказии ҷосусии Амрико (CIA, ЦРУ) гуфт, талафоти Русия дар Украина то имрӯз тақрибан 15 ҳазор кушта ва наздики 45 ҳазор захмиро ташкил медиҳад. Бёрнс афзуд, талафоти ҷониби Украина каме камтар аз талафоти Русия аст. Расонаҳо, аз ҷумла ББС,  рӯйхатти 5700 афсару аскари дар Украина кушташудаи артиши Русияро  нашр кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button