ВидеоКоррупсия

КОРМАНДИ МБТИ ҲИСОР БА ГИРИФТАНИ 13 ҲАЗОР СОМОНӢ  ПОРА АЙБДОР МЕШАВАД

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 8 августи соли 2022 хабар дод, ки тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии Маҳмуд Саидов, корманди муассисаи фаръии давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” (собиқ МБТИ) дар шаҳри Ҳисорро анҷом дода, ин парвандаро бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои  баррасӣ ба додгоҳ фиристодааст.

Маркази матбуоти агентӣ дар шарҳи ин парванда гуфт, “Саидов Маҳмуд Ҷамахонович дар вазифаи мутахассиси раёсати баруйхатгирии техникии корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Ҳисор кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш аз шаҳрвандон “А” ва “Б” барои тайёр карда додани шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии қитъаи замин маблағи 13.000 сомонӣ гирифта, аз ин маблағ 12 ҳазору 426 сомониашро тасарруф намуда, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст”.

 Вобаста ба ҳолатҳои зикршуда нисбати Саидов Маҳмуд бар асоси қисми дуюми моддаи 247, қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми қаллобӣ бо истифода аз мақоми хидматӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда буд. Ба ӯ бар асоси қисми дуюми моддаи 247 ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда = 64 сомонӣ), ё то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Корхонаҳои  давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” (МБТИ), ки ба ҳуҷҷатгузории манзил ва дигар молу мулки ғайриманқули мардум машғул мебошанд, яке аз ниҳодҳои аз ҳама фасодзада дар Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Фурӯши қитъаҳои замин барои сохтани хонаи истиқоматӣ ваё иншооти тиҷоратӣ  ва ҳуҷҷатгузории ин заминҳо дар Тоҷикистон ба яке аз риштаҳои аз ҳама фасодзада табдил ёфтааст. Ҳар сол дар Тоҷикистон даҳҳо мансабдорро ҳангоми гирифтани пора дар ивази ваъдаи ҷудо кардани қитъаи замин ба шаҳрвандон ё таҳияи ҳуҷҷатҳои замин дастгир мекунанд. Вале таҷрибаи судӣ  дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки мансабдорони барои чунин ҷиноятҳо ба даст афтода дар аксари мавридҳо бо пардохти ягон ҷарима аз ҷавобгарӣ халос мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button