ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ҶАСАДИ БОЗ ДУ НОБОЛИҒИ ҒАРҚШУДАРО АЗ ДАРЁИ КОФАРНИҲОН ЁФТАНД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 19 июли соли 2022 ҷасади боз ду ноболиғи ғарқшударо аз дарёи Кофарниҳон берун баровардаанд.

Ҳодисаи аввал дар Ҳисор рӯй додааст. Соати 16:40 ба қисми навбатдории КҲФ хабар додаанд, ки як сокини 14-солаи деҳаи Шарафободи ҷамоати Ориён ҳангоми оббозӣ дар дарёи Кофарниҳон ғарқ шудааст. Баъди дуюним соати ҷустуҷӯ ҷасади ин ноболиғро соати 19:10, тақрибан 10 километр поёнтар аз маҳалли ғарқ шуданаш пайдо карда, ба наздиконаш супурдаанд.  Шарафобод аз шаҳри Ҳисор 46 километр дуртар, дар канори Кофарниҳон ҷойгир шудааст.

Ҳодисаи дуюми нохуш дар ноҳияи Рӯдакӣ рӯй додааст.Рӯзи 19 июл, баъди ҷустуҷӯҳои тӯлонӣ ҷасади як кӯдаки 12-сола аз деҳаи Истиқлол-1-и ҷамоати ба номи Турсунзодаро аз дарёи Кофарниҳон берун кашида, ба хешовандонаш додаанд. Ин кӯдак ҳанӯз рӯзи 7 июл, соати 18:30 ҳангоми оббозӣ ғарқ шуда буд.
Парвиз ТВ аз маҳалли ёфт шудани ин наврас видеоеро нашр кардааст:

КҲФ оббозӣ дар маконҳои барои ин пешбининашударо сабаби ин ду фоҷиаи охир номида, бори дигар аз сокинон, ба вижа аз волидон хостааст, ки ҳангоми истироҳат ва оббозӣ қоидаҳои бехатариро қатъиян риоя карда, кӯдакони худро беназорат нагузоранд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, аз аввали соли 2022 дар Тоҷикистон алакай 107 нафар, аз ҷумла 55 кӯдаку навраси то синни 16 ғарқ шуда, наҷотбахшони ин ниҳод 24 нафарро наҷот додаанд. Соли гузашта дар Тоҷикистон 155 нафар, аз ҷумла 75 ноболиғ ғарқ шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button