МАРГИ ПИЁДАГАРД ДАР БОХТАР ВА ДАСТ БА ДУЗДӢ ЗАДАНИ ЯК НАВРАС ДАР ҒАФУРОВ
Шаби 13-уми июли соли 2022, тахминан соати 23:30, як сокини 46-солаи шаҳри Бохтар дар кӯчаи Ваҳдати ин шаҳр зери чархи мошини тамғаи “ДЭУ-Ланос” монда, бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.
ххххххххххххххххх
Як навраси 16-сола дар ноҳияи Б.Ғафуров ба он гумонбар мешавад, ки соати чори шаби 13 ба 14-уми июни соли 2022, аз дохили як мошини “Мерседес” 9 ҳазор сомониро дуздидааст.
Аз навори хабарҳои рӯзи 15 июли маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон
Ҳалокати пиёдагард зимни ҳодисаи нохуши нақлиётӣ
13-уми июли соли 2022, тахминан соати 23:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Ланос”, Шамсуддинов Нурзод, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Ваҳдати шаҳри Бохтар аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Мавлютов Руслан Адилшаевич, соли таваллудаш 1976, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Мавлютов Р.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Даст ба дуздӣ задани ноболиғи 16-сола
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 16-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, шаби 13 ба 14-уми июни соли 2022, тахминан соати 04:00, бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», ки ба марди 26-солаи сокини ноҳияи мазкур тааллуқ дорад, 9 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.