АфғонистонВидео

СУҚУТИ ЯК ЧАРХБОЛИ ТОЛИБОН ДАР КӮҲҲОИ ПАНҶШЕР: “МУШКИЛИ ФАННӢ” Ё НАТИҶАИ ҲАМЛАИ ЧИРИКИҲОИ АҲМАДИ МАСЪУД?

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон хабар дод, ки як чархболи МИ-17, марбут ба Толибонро дар кӯҳҳои дараи Орзу дар вулусволии Шутули вилояти Панҷшер суқут дода, дастикам 4 сарнишини онро асир гирифтаанд.  Аммо Толибон хабари суқути чархболро рад мекунанд. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон гуфт, ки чархбол ба далели “мушкили техникӣ”  нишасти изтирорӣ анҷом дода, баъди чанде он соҳаро тарк кард. Сухангӯи Толибон гуфт, касе аз сарнишинони чархбол осеб надидааст.

Вале як манбаи дигар дар режими Толибон ба нашрияи “8 Субҳ”, чопи Кобул гуфтааст, ки як чархбол бо 7 сарнишин дар ҳақиқат дар дараи Орзуи Панҷшер сарнагун шудааст ва Толибон барои наҷоти онҳо ба ҷойи ҳодиса рафтаанд.

Дар ҳамин ҳол, Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимат дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки чархболи Толибонро нирӯҳои ин ҷабҳаи таҳти фармондеҳии Аҳмади Масъуд суқут дода ва 4 сарнишинашро асир гирифтаанд. Манобеи дигар шумораи сарнишинҳои асируфтодаи ин чархболро 7 нафар (2 халабон ва 5 ҷангии Толибон) мегӯянд.

Намояндагони Ҷабҳаи муқовимат мегӯянд, бо асирон “бар асоси қавонини муқовимат” муносибат сурат мегирад ва ба ҷони эшон хатаре таҳдид намекунад.

Тасдиқи иддаои тарафҳо дар мавриди суқути чархболи МИ-17 дар кӯҳҳои Панҷшер тавассути манобеи мустақил ғайримумин ба назар мерасад.

Ҷунбиши тундрави Толибон моҳи августи соли 2021 дар охирин рӯзҳои хуруҷи нирӯҳои Амрико ва НАТО аз Афғонистон  қудратро дар ин кишвар ғасб кард ва ҳукумати худро ташкил дод.

Афроди норозӣ аз режими нави Толибон, ки асосан тоҷикҳои Афғонистонанд, дар дараи Панҷшер таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд, фарзанди Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд Ҷабҳаи муқовимати миллиро таъсис доданд, ки ба зидди Толибон ҷанг эълон кардааст.

Вале бо гузашти инак 10 моҳ аз истиқрори режими нави Толибон ва эълони муқовимат то ҳол дар бораи кадом задухӯрдҳои ҷиддие миёни Толибон ва чирикиҳои Ҷабҳаи Аҳмади Масъуд хабарҳои чандоне ба даст нарасидаанд.

Намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ мегуфтанд, бо об шудани барфҳо дар кӯҳҳои Панҷшеру атрофи он ва  расидани баҳору тобистон ҳамлаҳои худро ба зидди Толибон густариш хоҳанд дод.  Ҳанӯз рӯшан нест, ки суқути чархболи Толибон дар дараи Орзу яке аз нахустин намунаҳои азми чирикиҳои Панҷшер ба иҷрои ин ваъдаи густариши  ҳамлаҳо ба зидди Толибон аст, ваё, тавре ҷониби Толибон пойфишорӣ дорад, “мушкили фаннӣ” сабаби сарнагун шудани ин чархбол шудааст?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button