ВидеоТаърих

ДАР ҲИСОР БА ҲАР ВЕТЕРАНИ ҶАНГ 15 ҲАЗОР СОМОНӢ ТУҲФА КАРДААНД

Дар арафаи иди Ғалаба дар шаҳри Ҳисор ба ҳар ветерани Ҷанги бузурги ватании солҳои 1941-1945 аз номи президенти Тоҷикистон 15 ҳазор сомонӣ ва аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ва шахсони саховатпешаи маводи хӯрока ва маблағҳои пулии бештар туҳфа кардааст.

Хадамоти матбуоти раиси шаҳри Ҳисор дар саҳифааш дар Фейсбук бо нашри 17 акс хабар дод, ки раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар ва сардори раёсати рушди иҷтимоии дастгоҳи президент Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода шахсан рӯзи 5 майи соли 2022, дар арафаи солгарди 77-уми пирӯзӣ бар Олмони фашистӣ ба ҷамоатҳои шаҳраки Шарора, деҳоти Ҳисор ва Алмосӣ ташриф оварда, се иштирокчии зиндамондаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Ҳисор: Сироҷиддин Ҷалоловро дар маҳаллаи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, Раҷаб Исмоновро дар деҳаи Ҳаёти Нав ва Карим Рашидро дар деҳаи Шоҳамбарӣ аёдат намуданд.

Хадамоти матбуоти раиси шаҳри Ҳисор гуфт, аз Ҳисор дар Ҷанги бузурги ватанӣ беш аз 10 ҳазор нафар иштирок карда, беш аз 4 ҳазор нафари онҳо дар ин ҷанг ҷон бохтаанд.

Гуфта мешавад, ҳангоми супурдани туҳфаҳо ва аёдати иштирокчиёни ҶБВ Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода ва Қосим Роҳбар таъкид карданд, ки “таҷлил аз иди Ғалаба дар Тоҷикистон нишона аз корнамоиву ҷоннисориҳои фарзандони ин сарзамин аст, ки дар ёду хотираҳо то ҳол нақш баставу эҳтирому самимияти мардуми кишварро сазовор мебошад. Хизматҳои ин фарзонафарзандони миллат ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад ва кору пайкори онҳо барои насли наврас барои ҳамешагӣ намунаи мактаби ҷасорату мардонагӣ боқӣ мемонад”.

Иштирокчиёни ҶБВ бо изҳори сипос  барои сулҳу субот, ободию пешрафти мамлакат ва ҳамчунин дар ҳаққи роҳбари давлат дуои нек кардаанд.

Ҳамчунин, дар ҳавлии иштирокчиёни ҷанг аз ҷониби хонандагони мактаби № 1-и ба номи Мирзо Турсунзода барномаи хурди консертӣ пешниҳод шуда, наврасон аз сурудҳои машҳури даврони ҷанг – «Катюша» ва «День Победа» – порчаҳо сароида, хотири иштирокчиёни ҷангро шод гардониданд.

https://www.facebook.com/groups/240938064894855/posts/299299932392001/

Қаблан хабар додем, ки раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ амр дод, ки дар арафаи иди Ғалаба ба ҳар собиқадори ҷанг 3 ҳазор сомонӣ ва ба онҳое, ки дар солҳои 1941-1945 дар ақибгоҳ корнамоӣ нишон додаанд, ҳамчунин ба маъюбони ҷанги Афғонистону ҷангҳои дигар, маъюбони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва оилаҳое, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, ба ҳар кадоме 800 сомонӣ  туҳфа дода шавад.

Иди Ғалаба дар Тоҷикистон рӯзи 9 май таҷлил мешавад. Ин рӯз дар тақвим ҳамчун рӯзи ид зи истироҳат эълон шудааст.

Котиби масъули Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон Элмурод Турсунов ахиран хабар дод, ба ҳолати то 12 апрели соли 2022 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 59 иштирокчии Ҷанги бузурги Ватании солҳои 1941-1945 боқӣ монда буд. Аз ҷумла ҳоло дар пойтахт, шаҳри Душанбе ҳамагӣ 9 ветерани ҷанг ба сар мебаранд.

Элмурод Турсунов ба хабаргузории “Авеста”  гуфт, моҳи апрели соли 2021 шумораи собиқадорони ҷанги дуюми ҷаҳон дар Тоҷикистон 98 нафар буд. Дар як соли охир боз 39 нафари онҳо тарки дунё кардаанд.

Бино ба иттилои Турсунов, дар шаҳри Душанбе 9 собиқадори Ҷанги бузурги ватанӣ боқӣ монда, 19 ветеран дар вилояти Суғд, 18 нафар дар вилояти Хатлон ба сар мебаранд. Ҳамин тавр, як дар Шаҳринаву Ҳисор сенафарӣ, дар Турсунзода ва Варзоб дунафарӣ ва дар ноҳияҳои Сангвор, Файзоборд ва Рӯдакӣ ҳамагӣ якнафарӣ аз собиқадорони ҷанг боқӣ мондаанд.

Бино ба иттилои Турсунов, ветерани аз ҳама калонсоли Ҷанги бузурги ватанӣ Рашид Каримов аст, ки 9 майи соли 1912 ба дунё омада, 9 майи соли 2022, дар рӯзи Иди Ғалаба ба синни 110 мерасад. Ветерани аз ҳама ҷавонтарин Раҷаб Қурбонов аз ноҳияи Сангвор 96 сол дорад.

Дар ҷабҳаҳои Ҷанги бузурги ватанӣ ба зидди Олмони фашистӣ ҳудуди 300 ҳазор нафар аз сокинону зодагони Тоҷикистон ҷангидаанд. Аз ин шумор 92 ҳазор нафар дар ҷанг кушта ё беномунишон шуданд. 65 тан аз зодагони Тоҷикистон барои корнамоиҳояшон дар Ҷанги бузурги ватанӣ сазовори унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гардида, 15 нафар сазовори ҳарсе дараҷаи ордени “Слава” шудаанд. Даҳҳо ҳазор ветерани дигар ҳам аз Ҷанги бузурги ватанӣ ба Тоҷикистон бо сари синаи пур аз ордену медал ва бадани пур аз ҷароҳат баргаштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button