ВидеоМуҳоҷиронҶанг дар Украина

ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР УКРАИНА БА ДАСТИ НИРӮҲОИ РУСИЯ АСИР АФТОДААСТ (ВИДЕО)

Журналисти ҷангноманависи рус Александр Сладков, ки ҷанги Русияву Украинаро аз диди нирӯҳои Русия пайгирӣ мекунад, дар Телеграм-каналаш Сладков +  сабти видеоии Тимур Шамсиев,  як ҷавони 33-солаи зодаи Тоҷикистонро, ки дар ҳайъати нирӯҳои Украина меҷангид ва ахиран дар ҳудуди деҳаи Сладкое (ба украинӣ: Солодке) дар ноҳияи Маринои вилояти Донетск ба дасти нирӯҳои Русия асир афтод, нашр кард. Сладкое дар тақрибан 45-километрии ҷанубуғарби шаҳри Донетск ҷойгир шудааст.

Сладков дар видеояш билети ҳарбӣ ва шиносномаи украинӣ ба номи Шамсиев Тимур Ахмедович, санаи таваллудаш 16 октябри соли 1988, зодаи Душанберо нишон дода, чанд дафъа такрор мекунад, ки ин асир аз Тоҷикистони офтобӣ будааст.

Сладков сипас аз ин ҷавон мусоҳиба мегирад. Шамсиев нақл мекунад, ки тибқи қарордод дар Қувваҳои мусаллаҳи Украина хидмат мекард. Ӯ ҳамчунин гуфт, баъди асир афтоданаш ба вай имкон додаанд, ки ба модараш занг занад ва хабар диҳад, ки ӯ дар асорати артиши Русия қарор дорад.

Шамсиев, ки шаҳрвандии Украинаро дорад, яке аз аввалин зодагони Тоҷикистон аст, ки ба иштирок дар ҷангҳо аз тарафи нирӯҳои Украина айбдор мешавад. То кунун дар бораи аз тарафи Русия дар Украина ҷангидани даҳҳо зодаи Тоҷикистон, ки дар саффи артиши Русия хидмат мекарданд, хабарҳо ба даст расида буд. Аз ин шумор то имрӯз дар бораи ҳалокати ҳудуди 10 зодаи Тоҷикистон дар ҷангҳои Украина гузориш шудааст.

Русия рӯзи 24 феврали соли 2022 бо баҳонаи пуштибонӣ аз ҷудоиталабони тарафдори Маскав аз ба ном “ҷумҳурии мардумии Донетск” (ДНР) ва “ҷумҳурии мардумии Луҳанск” (ЛНР) ба Украина ҳамла кард. Тайи қариб 70 рӯзи задухӯрдҳо байни нирӯҳои Русияву Украина аз ҳар ду тараф ҳазорҳо нафар кушта шуданд.

Кишварҳои Ғарб ба зидди Русия таҳримоти сангин ҷорӣ карда, талаб доранд, ки Русия ҷангро бас карда, нирӯҳояшро аз Украина берун бикашад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button