ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

ДАР ХУҶАНД ЯК ҶАВОН ВА ЯК ДУХТАР ХУДРО БА ДАРЁ ПАРТОФТААНД: ДУХТАР НАҶОТ ЁФТ, ҶУСТУҶӮИ ҶАВОН ИДОМА ДОРАД…

Субҳи 28 апрели соли 2022 дар шаҳри Хуҷанд як ҷавони 21-сола аз деҳаи Пардуди ноҳияи Айнӣ ва як духтари 18-сола аз деҳаи Нурафшон дар канори шаҳри Леваканти вилояти Хатлон худро аз болои пули ҷашнӣ ба Сирдарё партофтаанд. Духтар тавонистааст аз об берун баромада, худро наҷот диҳад, вале ҷавон ғарқ шудааст. Ҷустуҷӯи ҷавон инак ду рӯз боз идома дорад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки наҷотбахшон ва ғаввосон дар Сирдарё ҷасади сокини  21-солаи деҳаи Пардуди ҷамоати Фондарёи ноҳияи Айниро меҷӯянд. Бино ба иттилои ин ниҳод, субҳи 28 апрели соли 2022, соати 10:05 ба вақти маҳаллӣ ба қисми навбатдории раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд хабар доданд, ки як ҷавон ва як духтар аз болои пули ҷашнии Хуҷанд худро ба Сирдарё партофтаанд. Наҷотбахшону ғаввосон ба ҷои ҳодиса омада, амалиёти ҷустуҷӯиро ба роҳ андохтаанд.

Маълум шудааст, ки як ҷавони 21-сола аз ноҳияи Айнӣ, ки дар яке аз мактабҳои олии шаҳри Хуҷанд таҳсил мекард, ҳамроҳи як духтари 18-сола аз Левакант худро ба об партофтаанд. Духтар тавонистааст аз об берун баромада, наҷот ёбад, вале ҷавонро об бурдааст.

Ҷустуҷӯи ӯ рӯзи 28 апрел то расидани торикӣ идома ёфт, вале натиҷа надод. Наҷотбахшону ғаввосон аз субҳи 29 апрел амалиёти ҷустуҷӯиро аз сар гирифтаанд.

Сабаби даст ба чунин кор задани ҷавону духтарро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд муайян кунанд.

Худкушӣ дар ҷомиаи Тоҷикистон солҳо боз як мушкили доғ боқӣ мемонад. Бино ба омори ВКД, соли 2021 дар Тоҷикистон 518 ҳолати  худкушӣ ва қасди худкушӣ сабт шудааст, ки ин назар ба як соли қабл 47 маврид камтар будааст. Дар 246 маврид занону духтарон, аз ҷумла 52 духтари ноболиғ ба ҷони худ қасд кардаанд. Соли 2020 дар Тоҷикистон 565 мавриди худкушӣ ё қасди худкушӣ, аз ҷумла 272 ҳолати қасди худкушии занону духтарон сабт шуда буд. 53 нафари онҳо духтарони ноболиғ буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button