ВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

МАНУЧЕҲР ШЕРОВ, ЯКЕ АЗ ЁРОНИ НАЗДИКИ БОҚИР БА 10 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД (3 АКС)

Додгоҳи ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 15 апрел Манучеҳр Шеров,  сокини 36-солаи маҳаллаи Бархоруғи шаҳри Хоруғ ва яке аз ёрони наздики Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров (Боқир), яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшонро бо ҷурми авбошӣ ва зӯроварӣ нисбат ба намояндаи давлат ба 10 соли зиндон маҳкум кард.  Дар ҳудуди вилояти Бадахшон ягон маҳбас нест ва аз ин рӯ, Манучеҳр Шеровро барои адои ҷазо ба ягон минтақаи дигари Тоҷикистон мефиристанд.

Раёсати ВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар дод, ки санаи 15 апрели соли 2022 таҳти раисии раиси Суди ноҳияи Рӯшон Бобизода Зафар Бобоназар қисмати ниҳоии мурофиаи судии айбдоршаванда Шеров Манучеҳр Мисжитович, соли таваллудаш 23.04.1986, сокини шаҳри Хоруғ, кӯчаи М.Иҷубов, ки нисбаташ аз ҷониби прокуратураи ВМКБ парвандаи ҷиноятӣ таҳти №27534 бо моддаҳои 237 қисми 3 банди «а» ва 330 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда буд, баргузор гардид.

Назари худи маҳкумшуда ва вакилону наздиконаш дастрас нест, вале милитсияи Бадахшон  дар иттилоияаш гуфт, “дар рафти баррасии парванда ҷиноятҳои содирнамудаи айбдоршаванда Шеров Манучеҳр пурра тасдиқи худро ёфтанд”.

Ёдовар мешавем, ки Шеров Манучеҳр  ба он айбдор мешуд, ки 4 ноябри соли 2021, тахминан соатҳои 13:30 ҳамроҳ бо Маҳмадбоқиров Маҳмадбоқир, Шаъбонов Ҷамшед ва дигарон дар пости маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ ба кормандони милитсия бо табар ҳуҷум карда, мошини кормандонро чанд зарбаи табар зада, ҳамчун якеи онҳоро бо табар захмдор кардааст. Аз санаи 9 декабри соли 2021 нисбаташ парвандаи ҷустуҷӯӣ таҳти №4382 оғоз гардида, дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт ва санаи 31.03.2022 аз ҷониби кормандони милитсия дар Маркази тиббии Оғохон, ки Шеров онҷо ба ҳайси посбон кор мекард, дастгир карда шуд.

Милитсия гуфт, ки ба ӯ чанд дафъа аз прокуратура барои ҳозир шудан ба бозпурсӣ даъватнома фиристода буданд, вале ӯ аз даъват саркашӣ намуда, ягон маротиба ба мақомоти тафтишотӣ ҳозир нашудааст. 

Манучеҳр Шеров яке аз 6 нафар аз сокинони Бархоруғ буд, ки  аз Боқир ба мақомот супурдани онҳоро талаб доштанд. Дар рӯзҳои охир аз ин шашгона мақомот алакай ду нафарро дастгир карданд. 

Ба дунболи боздошти Шеров, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ шоми 12 апрел аз боздошти Хуршедшо Султоншоев, яке дигар аз ёрони Боқир хабар дод. Султоншоев низ ба он айбдор мешавад, ки рӯзи 4 ноябр ҳамроҳи Боқир ва дигар сокинони Бархоруғ ба кормандони милитсия ҳамла кардааст. Вале агар Шеровро ба ҳамла ба посгоҳи маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ айбдор донистанд, Султоншоев ба ҳамла ба посгоҳи воқеъ дар деҳаи Бидурди ноҳияи Шуғнон дар берун аз шаҳр айбдор мешавад.

Султоншоев, ки соли 2010 низ барои қочоқи маводи мухаддир маҳкум шуда буд, ҳамчунин боз ба қочоқи маводи мухаддир айбдор мешавад.

Ба зидди худи Боқир низ мақомот бар асоси чанд банди қонун, аз ҷумла таҳқир ва латтукӯби намояндаи давлат парванда кушодаанд. Ӯ ба он айбдор мешавад, ки шоми 29 январ раиси идораи маорифи вилояти Бадахшон Лутфулло Наврӯзовро латтукӯб ва аз маҳаллаи Бархоруғ, ки Наврӯзов дар ҳамин ҷо дар қабати чоруми бинои маориф зиндагӣ дошт, пеш кардааст. Худи Боқир ин иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, “бо муаллим фақат як суҳбати падарона анҷом дода буд”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button