Фарҳанг

Таассуроти адиби тоҷик Ҳафиз Раҳмон аз озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…”

Ба ин назарам, ҷавонон бигзор кам китоб хонанд, аммо андеша карданро сари он китобҳо низ ёд гиранд, аз сад китоб хондану фикре мустақил надоштан, беҳтар аст, ки даҳ роман хониву роҷеъ ба ҳар яки онҳо назари худро дошта бошӣ… “Гобсек”-ро хониву фарқи онро аз “Марги судхӯр”-и Айнӣ нафаҳмӣ, вой бар ҳоли вақти зоеъшуда! Ин гуна фаҳму дарк вақте ҳосил мешавад, ки саҳифа ба саҳифа бихонӣ, на ин ки мисли баъзеҳо танҳо қаҳрамонон ва ҷойи воқеъ шудани ҳодисаи асарро дониву халос… Эҳсос кардам, ки бархе довталабон чунин “маслиҳатгарон”-у “мушовирон” доранд, онҳо худ бехабаранд, ки огоҳу ноогоҳ хиёнат ба китобу китобхонӣ мекунанд…

Ҳатто як муаллими фанни ҷуғрофиё ҳам ҳамчун довталаб ширкат дошт, ки беҳтар мебуд иштирок намекард: ҳатто дар посух гуфтан аз як истилоҳи фанни худаш музтар монд…

Hafiz Rahmon

РӮЗИ ҲАФТУМ…

(КОРЕ КУНЕМ, КИ ДОВТАЛАБОН АНДЕША КАРДАНРО ЁД ГИРАНД, ҲАДАФИ ОЗМУН БОЯД ҲАМИН БОШАД…)

Ин субҳ низ, чун одати ҳамешагӣ, Алекс бо “приёмҳои” ба худ хосаш бандаро аз хоби гарон хезонд ва мисли ҳамеша ба ӯ изҳори сипос кардам (яъне он чӣ мехост, додамаш…). Баъди иҷрои расмиёти сипосгузориҳо ба ҳамдигар ва каме лутфу меҳрубониҳо нишаст дар паҳлуи ростам ва назора кард, ки чӣ мекунам.

Дина бегоҳ то як поси шаб аз банда норозӣ менамуд, чунки якшанбе ба кор рафтам… Ҳеҷ бовар надошт, ки ҳатто рӯзи якшанбе ӯро тарк мекунам, ки ба қавли як сиёсатмадори тоҷик Рашид Олимов, “рӯзи муқаддас” аст (аз ӯ журналисте пурсидааст, ки якшанбе ҳам кор мекунед, посух гуфтааст, ки не, ин рӯз барои банда рӯзи муқаддас аст, танҳо ҳамроҳи оила онро пушти сар мекунам)… Аммо даврони Олимовҳо кайҳо гузашта…

Хуб, суханро ба дарозо накашида, муқаддимаро ҷамъбаст мекунам: ба Алекси азиз фаҳмондам, ки якшанбеи дигар аз саҳар то бегоҳ ҳамроҳат хоҳам буд, зеро то он замон озмун ҳам хотима хоҳад ёфт… Агар мабодо Муҳаммаддовуди азиз ба ваъдааш вафо кунаду ду-серӯза ягон ҷо истироҳату табобат фиристад, шояд ҳамроҳ бубарамат…

Рӯзи якшанбе аз рафтанам ба озмун аввал каме норизо, вале баъдан ниҳоят хушнуд ҳам шудам: аз ду рӯзи пеш (панҷуму шашум), ки дам ба дам табъам хира мешуд (феҳристҳои пур аз хато, посухҳои беҷо, довталабони тасодуфӣ ва…) имрӯз хеле фараҳманд шудам. Барилова лутфу меҳрубониҳои ҳамкорон, хушгӯйиҳои онҳо… Як ҳафтаи ахир ин қадар нахандида будам аз шӯхиҳои дӯстон сари мизи ғизо (гарчи сифати ғизои дирӯзу имрӯз мулоим карда гӯем хуб набуд, махсусан мантуяшро аз ноилоҷӣ хӯрдем…).

Ҳарчанд бидуни дахолати ҳамшираи шафқат Ҳавобегим Назаршоева (аз дармонгоҳи 13, ки дар Китобхонаи миллӣ навбатдор будааст) нашуд, аммо бо вуҷуд, худро хеле осуда ҳис кардам… Ду маротиба ин бонуи меҳрубон фишорамро санҷид ва доруҳои даркориро дод (ба ӯ як китоб ва агар ҳимматам боло гирад, ду китоби хубе аз адабиёти ҷаҳон ҳадя хоҳам кард, баъди анҷоми озмун, албатта). Инҳо ҳам хонаву дару кӯдаку шавҳар доранд, аммо масъулиятро бинед, ки рӯзи якшанбе низ дар хидмати мардум ҳастанд… Раёсати озмун агар дар ҳаққи инҳо ҳам чораандешӣ кунад (ягон ҳадя дар назар аст), аҷаб коре хоҳад шуд…

Хеле саросема шарҳи дӯстонро ба навиштаи дирӯзаам хондам ва сипос мегӯям ба якояки онон, ҳамеша чун гул бо баргҳои сидқу муҳаббат печида бошанд…

Сухани мутафаккир, пири хирадманди Машриқзамин Конфутсий ёдам буд ва ин саҳар, ки хеле осемасар ин фазоро аз назар мегузаронидам, дидам, ки касе ин андешаро манзури дигарон кардааст (Бахтиёри Аминӣ буд, ба фикрам, садсола шаванд ин шоири ҳойкусаро…). Ин гуфтор чунин аст: омӯзиш бидуни андешидан суде надорад ва баёни андеша ҳам бидуни омӯзиш пурхатар…

Ба ин назарам, ки ин гуфтор бояд шиори чунин озмунҳо бошад: ҷавонон бигзор кам китоб хонанд, аммо андеша карданро сари он китобҳо низ ёд гиранд, аз сад китоб хондану фикре мустақил надоштан, беҳтар аст, ки даҳ роман хониву роҷеъ ба ҳар яки онҳо назари худро дошта бошӣ… “Гобсек”-ро хониву фарқи онро аз “Марги судхӯр”-и Айнӣ нафаҳмӣ, вой бар ҳоли вақти зоеъшуда! Ин гуна фаҳму дарк вақте ҳосил мешавад, ки саҳифа ба саҳифа бихонӣ, на ин ки мисли баъзеҳо танҳо қаҳрамонон ва ҷойи воқеъ шудани ҳодисаи асарро дониву халос… Эҳсос кардам, ки бархе довталабон чунин “маслиҳатгарон”-у “мушовирон” доранд, онҳо худ бехабаранд, ки огоҳу ноогоҳ хиёнат ба китобу китобхонӣ мекунанд…

Мушкили норасоии вақти пурсиш имкон намедиҳад, ки якояк аз асарҳои хондашуда пурсида шавад. Банда тахмин кардам, ки барои якеро, ончунон ки бояд пурсида шавад, се соат вақт лозим мешавад, ё ҳадди ақал ду соат, агар дар кӯлбори осори азбаркардааш аз 50 то сад асар бошад… Садҳо бор хубтар мешавад, ки агар давоми як рӯз танҳо ду кас мавриди санҷиш қарор гирад… Аммо модом ки чунин имкону фурсат нест, мо интихобан мепурсем ва чорае дигар надорем…

Агарчи дар миёни намояндагони вилояти Хатлон чеҳраҳои фурӯзон кам набуданд, аммо дар маҷмӯъ камбуду норасоиҳояшон нисбат ба фиристодаҳо аз вилояти Суғд хеле зиёд буд: ҳатто пурсидани нафареро барои ба тартиб овардани феҳристаш ба вақти дигар гузоштем… Намехоҳам ба иззати нафси касе бирасам, аммо суоле мехезад, ки чаро дар сатҳи мактаб, ноҳия ва вилоят чунин рафтор карданд? Оё имкон надошт, ки пурсидан он тараф истад, ақаллан номгӯйи асарҳоро муаллиме, методисте, намояндаи шуъбаи маорифе… ислоҳ кунад… Довталабе иштирок дошт, ки 70 фоизи асарҳои хондааш аз адабиёти тоҷик буд, магар дар вилоят намешуд гуфтан, ки ин кас биравад ба номинаи адабиёти тоҷик…Ё классикӣ, ё муосир…

Аз ин зиёд чизе гуфта наметавонам… Ҳатто як муаллими фанни ҷуғрофиё ҳам ҳамчун довталаб ширкат дошт, ки беҳтар мебуд иштирок намекард: ҳатто дар посух гуфтан аз як истилоҳи фанни худаш музтар монд…

Фикр мекунам, ки дар ин бесомониҳо худи довталабон гуноҳе надоранд, миёни онҳо духтаракону писараконе буданд, ки шояд доираи фаҳму даркашон аз муаллимонашон фарохтар бошад. Аҳсант ба онҳо, офаринашон!

Рӯзи ҳафтум намояндагони манотиқи гирду атрофи пойтахт ва чанде аз худи пойтахт санҷида шуданд: мисли он ки ба кӯдаке шириние диҳанд, ҳамон гуна аз тарзи баён ва лаҳни гуфтору бо андешаву мулоҳиза сухан гуфтанҳои баъзе довталабон хушнуд шудам!!!

Нозанин ва Сайидо ном духтару писари синфи 11 ва Ганҷина ном духтари синфи 10-ум маро ончунон шефта карданд, ки тафсилоташро дар мавриди дигар хоҳам гуфт. Ана донишу маърифат, ана онҳое, ки аз донишу фазлашон ифтихор кардан меарзад… Афсӯс, ки вақти банда кам буд (ба банда вақти кам медиҳанд, мутаассифона), вагарна бо ҳамин се нафар ҳадди ақал яксоатӣ суҳбат мекардам… Муаллифон ва асарҳоеро дидам дар рӯйхаташон, ки маро ба ваҷд овард: Ҳемингуэй, Дюмаву Гюгову Балзак-ку маълум, дар рӯйхати дигарҳо зиёд дидему пурсидем, аммо Уайлд, Борхес, Астуриас, Свейг, Миядзи, О Генри, Мериме, Стивенсон, Сомерсет Моэм, Оруэлл, Грэм Грин, Голдинг ва.. ва.. ва…

Хеле бароям мушкил аст чунинҳоро дидаву шунида ва ба ваҷд наомадан… Аммо ҳаққи аз ин беш ифшо кардани ҳиссиётамро надорам… Гуфтам-ку, вазъиятам чунин буд: мисли он ки кӯдакеро қанде медиҳанд ва ӯ шодиашро пинҳон карда наметавонад…

Руз то рӯз озмун вазнинтар мешавад, рӯз то рӯз аҷибтару гуворотар!

Кош ин озмун ҳадди ақал як моҳ идома меёфт… Ҳатто аз ин бештар!

Ҳамин лаҳза Алекс сару гардани сермӯяшро ба чеҳраам молида-молида чизе гуфтан мехоҳад: ба соат менигарам: аллакай соат 8… Гӯё маро ҳушдор медиҳад, ки “боз дер намонӣ, аз ягон бепарвое гап шунавӣ, боз фишорат мехезад…”.

Сухани Алексро тасдиқ мекунам ва мегӯямаш: бале, Алекс, баъзан бо кори ниҳоят зиёд ҳам, одам гап мешунавад… Замона ҳамин гуна аст, Алекс, замона…

ҲАФИЗ РАҲМОН

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button