ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ДИҚҚАТ!!! ИН ҶАВОН ГУМ ШУДААСТ! БАРОИ ЁФТАНАШ КУМАК КУНЕД!

Ҳайдарзода Маҳмудҷони Мирзомурод, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат аз санаи 6 феврали соли 2022 аз хона баромада, то ҳол барнагаштааст. Наздиконаш ва мақомот инак чанд ҳафта боз  Маҳмудҷонро ҷустуҷӯ доранд, вале то ҳол бенатиҷа.

 Аз ин рӯ, аз тамоми мардум даъват мекунем, ки дар ҷустуҷӯи ин ҷавон кумаки худро дареғ надоранд.

Агар тасодуфан Маҳмудҷонро дар ягон ҷо дида бошед ваё дар бора куҷо будани вай маълумоте пайдо кунед, лутфан ба рақами модараш занг занед.

Рақам барои тамос:

+992 901 33 11 48  

Аз ҳама Шумо бо эҳтироми тамом хоҳиш мекунем, ки ин хабарро ба дигарон низ расонед.
Биёед, якҷоя ин ҷавонро пайдо кунем ва модари чашмбароҳи Маҳмудҷонро ба дидори фарзанди гумшудааш бирасонем.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button