ВидеоФарҳанг

ТАЪРИХИ ТАРОНАИ ШОҲКОРИ “ТОҶИКАМ” (ВИДЕО)

Бахтиёр Косимов

Аз саҳифаи муаллиф дар Фейсбук

Таърихи як суруди ҳунарманди ӯзбекистонӣ

Дар солҳои 90-ум дар Ӯзбекистон таронае бо номи “Ман тоҷикам” эҷод шуда буд.

Таронаи маъруфи “Тоҷикам”-ро бори нахуст дар соли 1993 як овозхони тоҷикзабон аз ноҳияи Бойсуни Узбекистон, Хайрулло Насриддинов иҷро карда буд. Он вақт ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҳукмрон буд ва обрӯи тоҷикон дар минтақа ба сатҳи паст қарор гирифт ва мегуфтанд, ки “шумо чӣ хел одамонед, ки якдигарро мекушед”.

Умуман, дар пасманзари ҷанг ифтихор кардан аз миллати худ дар Узбекистон душвор буд. Он вақт тоҷикон ҳатто кӯшиш мекарданд, ки асли худро пинҳон намоянд. Хайрулло Насриддинов бо азоби зиёд ин хамаро пайгирӣ намуда ва баъд ба мардум хотиррасон кард, ки тоҷикон аслан кистанд.

Ба ӯ як ҳамватанаш аз Бойсуни Узбекистон, омӯзгори маҳаллӣ Исматулло Кенҷаев кумак кард ва матни суруди “Тоҷикам”-ро навишт. Дар суруди худ аз фарзандони фарзонаи халки тоҷик ба мисоли Рудакй, Фирдавсй, Хайём, Саъдй, Ҳофиз, Сино, Айнй, Турсунзода ва дар бораи саҳми онҳо дар фарҳангу маданияти ҷаҳонӣ ёдовар шуд.

То ба ҳол таронаи “Ман тоҷикам” дар радиоҳои маҳаллӣ, шабакаҳои телевизионии маҳаллӣ мунтазам садо медиҳад. Аммо достони душвори офариниши ин таронаро ҳоло кам касе ба ёд меорад ва муаллифи матни аслӣ низ ба далели маъруфияти тарона тақрибан фаромӯш шудааст.

Хайрулло Насриддинов бародари адиби шинохта Иноят Насриддин буда, мактаби тоҷикии рақами 5 деҳаи Пасурхии ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёро хатм кардааст. Солҳои ҳафтоди асри ХХ дар бахши театри Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таҳсил намудааст.  Ӯ як муддати кӯтоҳ дар театри Лоҳутӣ кор кард, вале баъд ба зодгоҳаш баргашта, солҳои тӯлонӣ дар мактабҳо ва театрҳову қасрҳои фарҳанги вилояти Сурхондарё кор кардаааст.

Матни таронаи “Тоҷикам” чунин аст:

Сарнавишти қисматам аз мулки Тӯрон, тоҷикам,
Зодаи машриқзамин, аз хоки Хатлон тоҷикам.
Оташи толеи манро Суғд афрӯхт аз азал,
Зуллмати дунёи дунро шамъи тобон, тоҷикам.
Хонаи ман кӯҳ гашту санги хоро бистарам,
Қуллаҳо гаҳвораам тифли кӯҳистон, тоҷикам.
Аз забонам шеър резаду аз қудумам бӯи гул,
Хок гирам зар гардад чун Зарафшон, тоҷикам.
Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҷомӣ кохи назм афрохтанд.
Осмони назмро лаъли Бадахшон, тоҷикам.
Лаззати савту суруд хуш аз шакарлабҳои ман,
Саъдию Сайдо, Ҳилолии ғазалхон, тоҷикам.
Дарди инсон чора кард Сино ба ҷуз дарди аҷал,
Дардмандони ҷаҳонро гашт луқмон, тоҷикам.
Бо ҳамин лафзи дарӣ, Бедил дили дунё гирифт,
Ҳамчу Ҳофиз дар каломи хеш султон, тоҷикам.
Ман ба хуни ҳеҷ кас дасти тамаъ нагзоштам,
Дар қаноат Хизрам бо пораи нон, тоҷикам.
Ҳамчу Айнӣ ҳақгӯю ҳамчу Восеъ ҳақҷӯй,
Гар сар дар зери дору банди зиндон, тоҷикам.
Ҳарзагӯйро таърихам бо нони ҳақ кӯраш кунад,
Гарчӣ сад иғво фурӯшанд, ғайри имкон, тоҷикам.
Дӯстиро месароям ҳамчу Мирзо бошараф,
Осиёро бо сурудаш карда бӯстон, тоҷикам.
Ҳамчу Помир сарбаланд будам ва ҳастам то абад,
Хонадони Шарқро нури ҷароғон, тоҷикам.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button