ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СОКИНИ ВАҲДАТРО ДАР КӮЧАИ ЗАРАФШОНИ ПОЙТАХТ КОРД ЗАДААНД

Ҷавони 23-солаи сокини пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 23 январ, тахминан соати 10:30, дар назди бинои истиқоматиаш дар кӯчаи Зарафшон аз ҳиссиёти авбошӣ сокини 32-солаи шаҳри Ваҳдатро латтукӯб карда, ӯро як зарбаи корд задааст.

хххххххххх

Ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён ба он гумонбар мешавад, ки шаби 6 ба 7 январ сенсори терминали пардохтиро шикаста, вале пулҳоро аз дохили терминал дуздида натавонистааст. Зарари расонидашуда 8 ҳазору 438 сомониро ташкил медиҳад.

хххххххххххх

Сокини 32-солаи қаблан ҳам барои дуздӣ судшудаи Хуҷанд ба он гумонбар мешавад, ки дар аввали моҳи январ аз устохонаи «Мошинсарои Урал» таҷҳизоти барқиро дуздида, ба соҳиби устохона 16 ҳазору 621 сомонӣ зарар расондааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 24 январи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Бо корд захмӣ намудани марди 32-сола аз ҳиссиёти авбошӣ

001

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз чониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино ҷавони 23-солаи сокини пойтахт бо гумони авбошӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 23-юми январи соли 2022, тахминан соати 10:30- дақиқа, дар назди бинои истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Зарафшони шаҳри Душанбе аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос бо марди 32-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ҷангу ҷанҷол карда, ӯро лату кӯб намуда, бо корд 1-маротиба ба бадани ӯ задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.

Дастгир гардидани шахси қаблан судшуда бо ҷурми дуздӣ

046

Ба ШВКД дар шаҳри Левакант бо аризаи ҷавони 23-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 6 ба 7-уми январи соли 2022, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ бо мақсади ба даст овардани маблағҳои пардохтшуда, сенсори терминали пардохтиро шикаста, маблағи пулиро дуздида натавониста, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 8 ҳазору 438 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур дастгир карда шуд.
Ҳамзамон аз тарафи кормандони ШВКД дар шаҳри Хуҷанд нисбати марди 32-солаи сокини ҳамин шаҳр, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Номбурда, аз 4-ум то 20-уми январи соли 2022, бо роҳи пинҳонӣ аз устохонаи «Мошинсарои Урал», воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, ки ба марди 44-солаи сокини ҳамин шаҳр тааллуқ дорад, таҷҳизоти барқиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 16 ҳазору 621 сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ҳодисаҳои мазкур тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button