ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ИЗҲОРИ ОМОДАГИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ФИРИСТОДАНИ НИРӮИ ҲАРБӢ БА ҚАЗОҚИСТОН

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 6 январ дар як изҳороти вижа бо изҳори нигаронӣ ва таассуфи ҷиддӣ аз вазъи  Қазоқистон гуфт, Душанбе барои ирсоли нирӯи ҳарбӣ ба ин кишвар омода аст. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки дар Қазоқистон “дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунӣ пайдо шудани гурӯҳҳои яроқноки ғайриқонунӣ, ки соҳиби аслиҳаи марговар ва техникаи махсус гаштаанд, боиси нигаронии амиқ мебошад” ва Душанбе “ташвиши роҳбарияти Қазоқистонро аз кӯшишҳои ноором кардани вазъ дар кишвар тавассути барангехтани рӯҳияи эътирозӣ комилан ҷонибдорӣ мекунад.“

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон изҳори боварӣ кард, ки мардум ва роҳбарони Қазоқистон қодиран, дар фурсати кӯтоҳтарин ва бо роҳи муколама ба хушунатҳо поён диҳанд ва Душанбе дар ин маврид аз талошҳои мақомоти Қазоқистон дастгирӣ мекунад.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин изҳор дошт, ки “бо риояи ӯҳдадориҳои ҳампаймонӣ дар чаҳорчӯби Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ният дорем дар амалиёти дастаҷамъонаи сулҳофарӣ барои расонидани кумак ба Қазоқистон ҷиҳати рафъи хатари бамиёномада ширкат намоем.“

Ёдовар мешавем, шоми 5 январ президенти расмии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев дар саросари кишвар вазъи фавқулодда ҷорӣ кард ва ҳаводиси ахирро кори дасти “террористҳо” номида, аз ОДКБ кумаки ҳарбӣ хост. Ӯ гуфт:  “Бо назардошти ин ки ин дастаҳои террористӣ амалан дастаҳои байналмилалӣ буда, дар хориҷ ба таври ҷиддӣ тайёрӣ дидаанд, ҳамлаи онҳо ба Қазоқистонро метавон ва бояд ҳамчун амали таҷовуз баррасӣ кард. Аз ин рӯ, ман имрӯз ба сарони давлатҳои узви ОДКБ муроҷиат кардам, ки ба Қазоқистон барои рафъи ин таҳдиди террористӣ кумак расонанд.”

Ба дунбол, Никол Пашинян, сарвазири Арманистон ва раиси давраии Шӯрои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ) дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки ин созмон дархости президенти Қазоқистон дар мавриди ба ин кишвар фиристодани нирӯҳои ҳомии сулҳро пазируфт. Пашинян гуфт, ин нирӯҳо “бо назардошти таҳдид ба амнияти миллӣ ва истиқлоли Ҷумҳурии Қазоқистон аз ҷумла бо дахолат аз берун ба муддати маҳдуд бо мақсаби таъмини субот ва оддӣ сохтани вазъ дар ин кишвар ворид карда мешаванд.”

Мақомоти низомии Русия алакай хабар доданд, ки ҷузвутомҳои десантии худро ба Қазоқистон мефиристанд. Қирғизистон низ гуфт, ба Қазоқистон нирӯи ҳарбӣ мефиристад.

Эътирозҳо дар Қазоқистон рӯзи 2 январ дар шаҳри Жанаозени вилояти Мангистау дар ғарби ин кишвар дар пайи ду маротиба – то 120 танга боло бурдани нархи гази моеъ, ки аксари сокинон ба ҷои бензин дар мошинҳояшон аз ҳамин газ истифода мебурданд, оғоз ёфт. Базудӣ эътирозҳо аксари шаҳрҳои бузурги Қазоқистонро фаро гирифт. Мақомот бошитоб нархи газро то 50 танга пойин оварданд ва субҳи 5 январ тамоми ҳукумати Қазоқистон ба истеъфо фиристода шуд, вале эътирозҳо дигар фурӯкаш накард.

Эътирозгарон дар майдонҳо шиор мезананд ки: «Шал, кет!» («Мӯсафед, бирав!»). Манзури онҳо президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аст, ки бо вуҷуди баа 81 расидани синну солаш ва тарки мақоми президентӣ,  ҳамчунон аз паси парда умури роҳбарии кишварро дар дастони худ нигоҳ доштааст ва президенти кунунӣ Тоқаевро амалан ба як лӯхтаки бидуни ҳеҷ салоҳият табдил додааст.

Рӯзи 5 январ эътирозгарон дар Алма –Ато биноҳои шаҳрдорӣ, қароргоҳи президент ва як фурудгоҳро бо 5 ҳавопаймо ишғол карда, дар шаҳри Талдӣ-Қӯрғон, маркази маъмурии вилояти Алма-Ато ҳайкали Назарбоевро бо арғамчин канданд.

Бисёрии шореҳон рӯйдодҳои ахири Қазоқистонро поёни шармсоронаи боз як диктатори шарманда номида, мегӯянд, мутаассифона, диктаторҳои дигар аз сарнавишти ҳамтоёни худ, аз ҷумла аз сарнавишти Назарбоев сабақе ба худ намегиранд.

Лозим ба ёдоварист, аз рӯзи оғози эътирозҳо Назарбоев аз худ ягон бор дарак надодааст, ки куҷост ва фикраш дар бораи ин ҳама ҳаводисе, ки мегузарад, чист?

Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба вазъияти Қазоқистон

Тоҷикистон бо ҳамдардии самимӣ ривоҷи воқеаҳо дар Қазоқистони бародарро пайгирӣ менамояд.

Мо ҳолатҳои зӯроварӣ нисбат ба мардуми осоишта ва намояндагони қувваҳои ҳифзи ҳуқуқ, ғасби мақомоти давлатӣ ва ғоратгариро бо таасуфи ҷиддӣ таъкид менамоем. Дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунӣ пайдо шудани гурӯҳҳои яроқноки ғайриқонунӣ, ки соҳиби аслиҳаи марговар ва техникаи махсус гаштаанд, боиси нигаронии амиқ мебошад. 

Ташвиши роҳбарияти Қазоқистонро аз кӯшишҳои ноором кардани вазъ дар кишвар тавассути барангехтани рӯҳияи эътирозӣ комилан ҷонибдорӣ менамоем.

Итминон дорем, ки мардуми хирадманди Қазоқистон ва роҳбарияти он дар фурсати кутоҳтарин бо роҳи муколама ба хушунатҳо хотима мебахшанд.

Бо пойбандӣ ба дӯстии чандинасра ва принсипи шарокати стратегӣ, талошҳои Қазоқистонро барои барқарорсозии сулҳу субот дар кишвар дастгирӣ мекунем. Бо риояи ӯҳдадориҳои ҳампаймонӣ дар чаҳорчӯби Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ният дорем дар амалиёти дастаҷамъонаи сулҳофарӣ барои расонидани кумак ба Қазоқистон ҷиҳати рафъи хатари бамиёномада ширкат намоем.

Мо ба наздикону пайвандони фавтидагон дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунӣ тасаллияти амиқ баён менамоем.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button