ВидеоИқтисодЧеҳраҳо

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ БАРОИ ТАМОСИ МУСТАҚИМ БО ВАЗИРИ НАҚЛИЁТ АЗИМ ИБРОҲИМ

Сомонаи расмии вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар дод, ки вазири нақлиёт Азим Иброҳим барои арзу шикоятҳои мардум телефони боварӣ ва почтаи электронии вижа кушодааст.

“Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони кишвар расонида мешавад, ки Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабули арзу шикояти шаҳрвандон  телефони боварӣ ва почтаи электронӣ кушодааст. Шаҳрвандон метавонанд бо телефони боварии  221 – 17 – 13 ва почтаи электронии:  minister@mintrans.tj ба вазири нақлиёт муроҷиат намоянд”, – гуфта мешавад дар эълони нашруда дар сомонаи вазорати нақлиёт.

Аз чунин шеваи робитаи мустақим бо шаҳрвандон бархе вазорату идораҳои дигар низ истифода мекунанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе чанд сол боз телефони боварӣ доранд, ки ба гуфтаи корафтодаҳо, дар умум хеле ба сурати фаврӣ кор мекунанд. Рустами Эмомалӣ низ баъди таъйин шуданаш ба мақоми шаҳрдори Душанбе барои қабул кардани арзу шикоятҳои шаҳрвандон рақами телефон ва почтаи махсус кушод ва аз тариқи месенҷерҳо низ қабули арзу шикоятҳоро ба роҳ монд.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим яке аз аъзои хушном ва ҳирфаии ҳукумати имрӯза дониста мешавад. Азим Иброҳим 1 марти соли 1962 ба дунё омада, соли 1984 Донишгоҳи давлатии техникии Тошкандро бо ихтисоси муҳандиси маъдан-маркшейдер бо дипломи аъло хатм кардааст. Номзади илмҳои техникӣ мебошад.

Азим Иброҳим то соли 1992 дар Донишкадаи политехникии Тошканд кор карда, баъди бозгашташ ба Тоҷикистон ду сол дар Донишгоҳи технологӣ дарс дода, то ба мақоми декан расид. Азим Иброҳим сиас дар мақомҳои гуногун, аз ҷумла муовини аввали раиси кумитаи сангу фулузоти гаронбаҳо ва муовини вазири саноати Тоҷикистон кор карда, солҳои 2004-2005 раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва аз соли 2005 то соли 2013 сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон буд. Азим Иброҳим солҳои 2013-2020 муовини сарвазири Тоҷикистон буд ва 31 августи соли 2020 дар пайи қасди худкушии вазири вақти нақлиёт Худоёр Худоёрзода ба ҷои ӯ вазири нақлиёти Тоҷикистон таъйин шуд.

Азим Иброҳим бо ордени «Шараф» дараҷаи II ва унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон», сарфароз гардидааст. Оиладор, соҳиби 6 фарзанд мебошад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button