ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

АБДУРОЗИҚ ДАР КЛИПИ НАВИ МОРГЕНШТЕРН ИШТИРОК КАРД (ВИДЕО)

Овозхон ва шоумени навраси тоҷик Абдурозиқ, ки баъди ба Дубай кӯчиданаш аз продюсери қаблиаш Барон (Беҳрӯзи Шариф) ҷудо шуд, дар клипи нави хонандаи машҳури рэпи Русия Моргенштерн бо номи “Домой” (“Ба хона”) иштирок кардааст.

Баъди аз Русия рафтанаш ин нахустин клипи зодаи шаҳри Уфа Алишер Валеев аст, ки ҳамагӣ 23 сол дорад ва бо тахаллуси Моргенштерн ном баровардааст. Ин клип алакай дар 16 соати аввал дар канали расмии овозхон дар Ютуб қариб 3 миллион тамошобин ҷамъ овард.

Ёдовар мешавем, рӯзи 23 ноябр Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишоти Русия, Моргенштернро ба паҳн кардани маводи мухаддир тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ айбдор кард ва Моргенштерн ҳамроҳи ҳамсари ҷавонаш Дилоро, ки тоза дар поёни моҳи августи соли ҷорӣ издивоҷ карданд, тарки Русия кард ва ба Дубай рафт.

Дар клипи “Домой” сатрҳое ҳаст, ки онҳоро метавон ҳамчун посух ба Бастрикин маънидод кард. Моргенштерн мегӯяд, ки  ӯ дар Интернет симояшро мефурӯшад ва аз Русия барои он рафт, ки “онҷо сард шудааст”. Овозхон мегӯяд, ки ҳанӯз баргаштанӣ нест, вале рӯзе ҳатман бармегардад.

Абдурозиқ дар ин клип чанд дафха зоҳир шуда, дар ҳавои таронаи Моргенштерн мерақсад.

Абдурозиқ, як овозхони ҷавони зодаи Панҷакент аст, ки 18 сол ва ҳамагӣ  1 метр қаду 18 кило вазн дорад. Ӯ бо сурудхониаш дар бозори Панҷакент ном баровард ва 3 сол пеш Барон (Беҳрӯзи Шариф) Абдурозиқро ба Душанбе оварда, таронаҳояшро тавассути студия ва канали “Авлод Медиа” сабт ва нашр кард. Ҳоло таронаҳои Абдурозиқ дар Ютуб ҳар кадом  то чанд миллион тамошобин ҷамъ меоранд.

Шуҳрати ин овозхони навраси тоҷик ду моҳ пеш дар пайи эълони ҷангаш бо блогери низ хурдҷусса аз Доғистон Хасбулло (Хасбик) ба берун аз Тоҷикистон роҳ ёфт. Он ҷанг дар ниҳоят доир нашуд, вале овозаи Абдурозик чунон оламшумул шуд, ки ӯро акнун ба ҷашну тантанаҳои байналмилалӣ даъват мекунанд ва ҳатто ошпази машҳури турк Бурак бо Абдурозиқ якҷо гамбургери бузурге пухт, ки аз Абдурозиқ ҳам калонтар буд. Моҳи август мақомоти Имороти Муттаҳидаи Араб ба Абдурозиқ визаи тиллоӣ тақдим карданд. Ӯ бо ин виза метавонад 10 сол дар ҳудуди Иморот, аз ҷумла дар Дубай ва Абу Забӣ бидуни виза кору иқомат кунад.

Моҳи ноябр Абдурозиқ аз продюсери аввалинаш Барон, ба қавле “канда” кард ва корро бо продюсерҳои дигар дар Дубай оғоз кард. Барон аввал Абдурозиқро ба “хиёнат ба бародарони тоҷикаш” айбдор кард, Абдурозиқ дар ҷавоб Баронро айбдор кард, ки пули ӯро пурра намедод.  Вақте ки ин ҷанҷол тоза авҷ мегирифт, Барон аз ҳама хост, ки ба ин моҷаро нуқтаи таммат гузоранд ва шогирди собиқи ӯро дигар мазаммат накунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button