ВидеоМинтақа ва ҷаҳонФарҳанг

КОРМАНДОНИ ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ӮЗБЕКИСТОН БОЯД ДАР ҶОИ КОР ТОҚӢ БИПӮШАНД (ВИДЕО)

Вазири фарҳанги Ӯзбекистон овозхони шинохтаи узбек Озодбек Назарбеков дар як паём ба муносиби Рӯзи Қонуни асосӣ эълон кард, ки кормандони вазорати фарҳанг аз ин ба баъд дар ҷои кор бояд ҳатман дар сар  тӯпӣ (тоқӣ) бипӯшанд. Озодбек Назарбеков гуфт, ба чунин сурат дар ин вазорат мехоҳанд арзишҳо ва суннатҳои миллиро таблиғ кунанд.

Дар видеое, ки вазир дар саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард, дида мешавад, ки кормандони вазорати фарҳанг, чӣ марду чӣ зан дар ҷои кор тоқӣ дар сар кор карда истодаанд. Дар сари занон асосан тоқии сафеди маъруф ба тоқии ироқӣ дида мешавад  ва дар сари мардон тоқиҳои чоргули чустӣ, тоқии фарғонагӣ ва ҳамчунин тоқиҳои якранги махмалӣ.

Озодбек Назарбеков гуфт, “ҳар халқ ба анъанаҳо, одатҳо ва арзишҳои миллиаш эҳтиром дорад. Аз ҷумла намунаҳои либоси миллии мо, ба мисли тӯпӣ, ҷомаҳои беқасаб, рӯймоли миёнбанди шоҳӣ то имрӯз аҳамият ва арзиши худро аз даст надодаанд. Мо барои таблиғи анъанаҳои миллӣ як ташаббуси навро рӯи даст гирифтем. Акнун кормандони вазорати фарҳанг дар ҷои кор тӯпии миллии ӯзбекӣ мепӯшанд.”

Ӯ аз ҳамаи кормандони фарҳанг ва эҷодкорон даъват кард, ки аз ин ташаббус дастгирӣ кунанд.

Аммо адиби тоҷик Марямбону Фарғонӣ навиштааст, ки тоқии чустӣ ё тӯсӣ, ки вазири фарҳанги Ӯзбекистон ҳамчун тӯпии миллии ӯзбекӣ муаррифӣ кард, дар асл тоқии миллии тоҷикист.

Бидонед, ки нақшҳои ин тоқӣ маҳсули тахайюли бонувони тоҷик аст! Ин нақшу гули рамзӣ рӯйи матои сиёҳ бо абрешими сафед дӯхта мешавад, яъне, ин ғалабаи рушаноӣ бар зулмот, тасаллути нирӯи некӣ (аҳуроӣ) бар нирӯи бадӣ (аҳриманӣ) бошад. Пас ин кулоҳи тоҷикӣ, ки чун Ҷашни Наврӯз мардуми дигари минтақа низ истифода мебаранд, реша дар аҳди ниҳоят қадимии мо дорад. Аз ин рӯ бояд онро ҳамчун як ҷузви либоси расмии мардонаи тоҷикӣ (он бо шиму костюми сиёҳ ва куртаи сафеди мардона ниҳоят зебанда аст!) қабул кардан бояд ва зиёда аз ин чун сарвати маънавии миллат дар ЮНЕСКО боястӣ ба қайд гирифт!” – навиштааст Марямбону Фарғонӣ.

Озодбек Назарбеков, ки унвонҳои Ҳунарманди шоистаи  Ӯзбекистон ва Туркманистонро дорад, соли 2017 муовини аввали вазири фарҳанг таъйин шуда, моҳи январи соли 2020 раҳбарии ин вазоратро ба даст гирифт. Бо вуҷуди мақоми вазирӣ, Озодбек Назарбеков ҳамчунон дар саҳна ҳунарнамоӣ мекунад, вале бештар дар консертҳои расмӣ. Ӯ аз ҷумла соли 2018 дар консерти “Шоми дӯстӣ” дар Душанбе як таронаи тоҷикиро иҷро карда, моҳи июни соли 2021 дар дуюмин консерти “Шоми дӯстӣ” дар пойтахти Тоҷикистон таронаи “Ӯзбеку тоҷик”-ро сароид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button