ВидеоСиёсат

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: ДАҲҲО СУДЯВУ ПРОКУРОР ҶОИ КОРИ ХУДРО ИВАЗ КАРДАНД

Рӯзи 25 ноябр президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат бо кадрҳое, ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот – суд, прокуратура, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардиданд, мулоқот кар.

Бо фармонҳои президент, дар умум 37 судя, аз ҷумла раисони суди ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Шаҳритӯс ва шаҳри Леваканти вилояти Хатлон, раисони суди шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Гулистон, ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, раиси суди ноҳияи Лахш ва даҳҳо судя бинобар ба анҷом расидани мӯҳлати ваколаташон ба вазифаҳои дигар таъин гардиданд.

Ҳамин тавр, дар мақомоти прокуратура низ тағироти кадрӣ сурат гирифта, прокуророни ноҳияҳои Роштқалъа ва Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, прокуророни шаҳрҳои Кӯлоб, Норак ва ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, прокуророни шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Гулистон, Истиқлол, ноҳияҳои Зафаробод, Мастчоҳ, Шаҳристони вилояти Суғд, прокурори ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе иваз шуданд. Хадамоти матбуоти президент гуфт, ба ин мақомҳо “кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба ва дорои маҳорати роҳбарӣ” таъин гардиданд.

Ҳамчунин бо қарорҳои ҳукумат, Абдураҳимзода Парвиз Абдураҳим – сардори Хадамоти давлатии меъморӣ ва сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Абдурасулзода Шаҳриёр Абдурасул – сардори Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозии ин кумита, Ашурзода Бахтиёр Саидқул – сардори Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмон, Нуруллозода Сафарбек Нурулло – директори Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Шоҳон-Зиғар», Амирзода Дилафрӯз Субҳон – директори телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», Маҳмудӣ Ҳамза Наврӯз – директори тии «Телевизиони кӯдакону наврасон – Баҳористон», Бахтовари Сайфулло – директори телевизиони мусиқии «Шаҳнавоз» таъин гардиданд.

Зимни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон аз авзои минтақа ва ҷаҳон, таъмини волоияти қонун, пешгирии ҳамагуна қонуншиканӣ, таъмини адолати судӣ, баррасии шаффофу одилонаи парвандаҳо, мубориза бар зидди хариду фурӯши замин ва қонуншиканиҳо дар ин самт, таҳким ва ҳифзи сарҳади давлатӣ, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, пешгирии қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ ёдовар шуда, таъкид кардааст, ки кадрҳои ҷавону болаёқат бо назардошти таҳдиду хатар ва ҷиноятҳои замони муосир бояд пайваста омӯзанд ва бо истифода аз технологияи муосир сатҳи донишҳои тахассусии худро баланд бардоранд. «Поквиҷдонона, содиқона ва бо масъулияти баланд манфиатҳои миллату давлатро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузошта, бо дасту дили пок ба нафъи давлату миллат хизмат намоед», – гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон хитоб ба кадрҳои навтаъиншуда дар анҷоми мулоқот.

Таъиноти кадрӣ  25.11.2021

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи таъин ва озод намудани судяҳо

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Шукурзод Назрулло Тағайбобо аз вазифаи муовини раиси суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе озод гардида, раиси суди ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон таъин карда шавад.
2. Муҳаммадзода Ҳомидҷон Бобоҷон аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд озод гардида, раиси суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таъин карда шавад.
3. Муродализода Суҳроб аз вазифаи муовини якуми раиси суди шаҳри Истаравшани вилояти Суғд озод гардида, раиси суди шаҳри Истаравшани вилояти Суғд таъин карда шавад.
4. Абдуғафорӣ Анварҷон аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд озод гардида, раиси суди шаҳри Конибодоми вилояти Суғд таъин карда шавад.
5. Азизматзода Хуршед аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе озод гардида, раиси суди ноҳияи Ашти вилояти Суғд таъин карда шавад.
6. Абдуллозода Фарҳод Нусратулло раиси суди шаҳри Гулистони вилояти Суғд таъин карда шавад.
7. Маъруфзода Некруз Нарзулло аз вазифаи судяи суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд озод гардида, раиси суди ноҳияи Айнии вилояти Суғд таъин карда шавад.
8. Ғайбуллозода Фирӯза Мирзовалӣ аз вазифаи судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд озод гардида, раиси суди ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд таъин карда шавад.
9. Юсуфзода Қудратулло Файзулло аз вазифаи судяи суди шаҳри Леваканти вилояти Хатлон озод гардида, раиси суди ноҳияи Лахш таъин карда шавад.
10. Сафарзода Файзиддин Давлат аз вазифаи судяи суди ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон озод гардида, муовини раиси суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таъин карда шавад.
11. Мусобекзода Тоир Мусобек аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе озод гардида, муовини раиси суди шаҳри Конибодоми вилояти Суғд таъин карда шавад.
12. Асламзода Гулрухсор Абдурасул аз вазифаи судяи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе озод гардида, муовини раиси суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таъин карда шавад.
13. Амирзода Тахмина Раҳмоналӣ аз вазифаи судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе озод гардида, муовини якуми раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таъин карда шавад.
14. Холдорзода Хусрав Зайниддин аз вазифаи судяи суди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон озод гардида, судяи суди вилояти Хатлон таъин карда шавад.
15. Гадозода Баҳром Ҳайталӣ аз вазифаи судяи суди ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон озод гардида, судяи суди вилояти Хатлон таъин карда шавад.
16. Нусратуллои Асадулло аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе озод гардида, судяи суди вилояти Хатлон таъин карда шавад.
17. Назарзода Аҳлиддин Саид аз вазифаи судяи суди ноҳияи Вахши вилояти Хатлон озод гардида, судяи суди вилояти Хатлон таъин карда шавад.
18. Иброҳимзода Дурандеш Бегмурод аз вазифаи судяи суди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон озод гардида, судяи суди ноҳияи Вахши вилояти Хатлон таъин карда шавад.
19. Аҳмадзода Фирӯза аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд озод гардида, судяи суди вилояти Суғд таъин карда шавад.
20. Мирасилзода Абрунисо Абдумаҷид аз вазифаи судяи суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд озод гардида, судяи суди вилояти Суғд таъин карда шавад.
21. Бобоҷонзода Бахтиёр аз вазифаи судяи суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд озод гардида, судяи суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд таъин карда шавад.
22. Насруллозода Сайёда аз вазифаи судяи суди ноҳияи Варзоб озод гардида, судяи суди шаҳри Душанбе таъин карда шавад.
23. Одиназода Мирзо Ҷалил аз вазифаи муовини якуми раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе озод гардида, судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъин карда карда шавад.
24. Мирзозода Ғиёсиддин Низом аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон озод гардида, судяи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъин карда шавад.
25. Тиллозод Манучеҳр Баҳодурӣ аз вазифаи судяи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе озод гардида, судяи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таъин карда шавад.
26. Манзаршо Ашурбеки Имомёрбек аз вазифаи судяи суди ҳарбии гарнизони Хоруғ озод гардида, судяи суди шаҳри Ҳисор таъин карда шавад.
27. Зарифзода Гулбаҳор Азимӣ аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон озод гардида, судяи суди ноҳияи Варзоб таъин карда шавад.
28. Ҷаъфарзода Латофат Қаландар ба вазифаи раиси суди ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон,
Ашурзода Алишер судяи суди ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон,
Раҳимзода Абдусалим судяи суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд,
Саид Гулрухсор Нуриддин судяи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таъин карда шаванд.
29. Қувватзода Фотеҳ Ҷумъа бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи судяи суди ноҳияи Тоҷикобод озод карда шавад.
30. Раҳимзода Зафар Сафаралӣ аз вазифаи судяи суди ноҳияи Фархори вилояти Хатлон,
Тоирзода Ғумчагул Тоирҷон аз вазифаи судяи суди шаҳри Ваҳдат бинобар ба охир расидани муҳлати ваколати судя озод карда шаванд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
25 ноябри соли 2021
№294

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи таъин ва озод намудани судяҳо

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Қосимзода Сулаймон Оймаҳмад бинобар ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси суди иқтисодии вилояти Суғд озод карда шавад.
2. Аминзода Сайдабону Рустам аз вазифаи судяи суди иқтисодии вилояти Суғд озод гардида, судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе таъин карда шавад.
3. Носирӣ Ҷамшед аз вазифаи судяи суди иқтисодии вилояти Суғд озод гардида, судяи суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин шавад.
4. Абдуллозода Фарҳод Нусратулло бинобар ба кори дигар гузаштан аз вазифаи судяи суди иқтисодии вилояти Суғд озод карда шавад.
5. Давлатзода Толиб Шариф аз вазифаи судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон озод гардида, судяи суди иқтисодии вилояти Суғд таъин карда шавад.
6. Саъдуллозода Сайдо Талбак аз вазифаи судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе озод гардида, судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон таъин карда шавад.
7. Саид Гулрухсор Нуриддин бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
25 ноябри соли 2021
№295

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои
сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии
Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба разведка
таъин намудани Хушвахт К.С.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

Хушвахт Кишваршо Султон муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба разведка таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
25 ноябри соли 2021
№296

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 25 ноябри соли 2021 №473
ш. Душанбе

Дар бораи сардори Донишкадаи
олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии
Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Мирзоев С.Б.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Мирзоев Саломатшо Бозорбоевич сардори Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 25 ноябри соли 2021 №474
ш. Душанбе

Дар бораи сардори Хадамоти назорати давлатии
меъморӣ ва сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин
намудани Абдураҳимзода П.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Абдураҳимзода Парвиз Абдураҳим сардори Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 25 ноябри соли 2021 №475
ш. Душанбе

Дар бораи сардори Хадамоти иҷозатномадиҳии
фаъолияти шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин
намудани Абдурасулзода Ш.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Абдурасулзода Шаҳриёр Абдурасул сардори Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 25 ноябри соли 2021 №476
ш. Душанбе

Дар бораи сардори Раёсати экспертизаи давлатии
ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмони Кумитаи меъморӣ ва
сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Ашурзода Б.С.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ашурзода Бахтиёр Саидқул сардори Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 25 ноябри соли 2021 №477
ш. Душанбе

Дар бораи директори Маркази татбиқи лоиҳаи
«Сохтмони роҳи автомобилгарди Шоҳон-Зиғар»
таъин намудани Нуруллозода С.Н.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Нуруллозода Сафарбек Нурулло директори Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Шоҳон-Зиғар» таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 25 ноябри соли 2021 №478
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи сардори Хадамоти назорати давлатии
меъморӣ ва сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод
намудани Абдураҳимзода Н.С.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Абдураҳимзода Нурулло Саттор аз вазифаи сардори Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 25 ноябри соли 2021 №479
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи директори Муассисаи давлатии
«Телевизиони кӯдакону наврасон — Баҳористон»
озод намудани Амирзода Д.С.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Амирзода Дилафрӯз Субҳон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон — Баҳористон» озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 25 ноябри соли 2021 №480
ш. Душанбе

Дар бораи директори Муассисаи давлатии
телевизиони « Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»
таъин намудани Амирзода Д.С.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Амирзода Дилафрӯз Субҳон директори Муассисаи давлатии телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 25 ноябри соли 2021 №481
ш. Душанбе

Дар бораи директори Муассисаи давлатии
«Телевизиони кӯдакону наврасон — Баҳористон»
таъин намудани Маҳмудӣ Ҳ.Н.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Маҳмудӣ Ҳамза Навруз директори Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон — Баҳористон» таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 25 ноябри соли 2021 №482
ш. Душанбе

Дар бораи директори Муассисаи давлатии
телевизиони мусиқии Тоҷикистон «Шаҳнавоз»
таъин намудани Бахтовари С.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Бахтовари Сайфулло директори Муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон «Шаҳнавоз» таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button