АфғонистонВидеоТоҷикистонҲуқуқи инсон

СОЗМОНИ МИЛАЛ: ТОҶИКИСТОН 11 ПАНОҲҶӮИ АФҒОНРО БА АФҒОНИСТОН БАРГАРДОНДААСТ

Идораи паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид  дар як баёнияи вижа аз ихроҷи паноҳҷӯёни афғон аз Тоҷикистон  ва қатъи баррасии дархости паноҳандагии паноҳҷӯёни афғон аз ҷониби мақомоти Душанбе изҳори нигаронӣ кардааст. Бино ба иттилои ин идораи Созмони Милал, мақомоти Тоҷикистон рӯзи 11 ноябр 11 паноҳҷӯ, бо шумули мардону занон ва кӯдаконро ҳанӯз то баррасии дархости паноҳандагиашон маҷбуран ба Афғонистон пас фиристодаанд. Идораи паноҳандагони Созмони Милал аз Тоҷикистон хост, ки аз ин таҷрибаи ба Афғонистон баргардондани паноҳҷӯён худдорӣ карда, раванди баррасии дархости паноҳандагии паноҳҷӯён аз он кишвари ҷангзадаро аз нав барқарор кунад.

Дар изҳороте, ки рӯзи 19 ноябр дар сомонаи расмии  Идораи паноҳандагони Созмони Милал  нашр шуд, ин ниҳод  дар умум аз мониагузориҳои афзоянда дар роҳи афғонҳое, ки ба хотири амнияти худ аз Тоҷикистон паноҳгоҳ металабанд, изҳори нигаронӣ кардааст. “Дар поёни моҳи июл мақомоти маҳаллӣ ироаи ҳаққи иқомат ба ҳамаи афғонҳои тоза воридшударо мутаваққиф карданд. Ин дар золест, ки чунин санад шарти муқаддами додани дархости паноҳандагист. Ба ғайр аз ин, комиссияи давлатӣ оид ба паноҳандагӣ баррасии дархостҳои барои додани мақоми паноҳандаро қатъ кардааст. Ба сабаби ин мониаҳо афғонҳое, ки тоза ворид мешаванд, ягон санади будубош дар Тоҷикистонро надоранд ва ба ин далел ба хатари ҷарима, боздошт ва ихроҷ рӯбарӯ мешаванд”, – гуфта мешавад дар изҳорот.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ин баёнияи Идораи паноҳандагони Созмони Милалро шарҳ надодаанд. Вале вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ҳанӯз моҳи сентябр дар мулоқот бо намояндагони  ин ниҳод гуфта буд, ки Тоҷикистон алакай 15 ҳазор гуреза аз Афғонистонро қабул кардааст, вале барои таҳияи шароити будубоши онҳо то кунун аз созмонҳои байналмилалӣ кумакҳои ваъдадодаашонро ба даст наовардааст. Мақомоти Тоҷикистон қаблан ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ карда буданд, ки аъзои гуруҳҳои террористию ифротӣ низ метавонанд худро паноҳҷӯ вонамуд карда, аз Афғонистон вориди Тоҷикистон шаванд.

Вале Идораи паноҳандагони Созмони Милал аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки аз ихроҷи паноҳҷӯёни афғон худдорӣ  ва раванди қатъшудаи баррасии асноди онҳоро эҳё кунад. “Тиқи қонунҳои байналмилалӣ ва худи Тоҷикистон дар бораи гурезаҳо ва ҳуқуқи инсон, Тоҷикистон ҳамчунон уҳдадор аст, ки онҳоеро, ки ҳимояти байналмилалӣ меҷӯянд, ба қаламраваш роҳ бидиҳад”, – таъкид шудааст дар изҳорот.

Идораи паноҳандагони Созмони Милал  гуфт, қаблан як тавсияномаи ҷаҳониеро нашр карда буд, ки дар он аз ҳамаи давлатҳо даъват мешавад, ки аз моҳи август маҷбуран баргардондани шаҳрвандони Афғонистонро манъ кунанд. “Маҷбуран баргардондани паноҳҷӯён метавонад онҳоро баъди баргашт ба хатари таъқиб дучор кунад, ки ин, ба навбати худ,  ҷиддан поймол кардани ҳуқуқи байналмилалӣ аст”, – гуфта мешавад дар изҳорот.

Ёдовар мешавем, моҳи август Афғонистонро ҷангҷӯёни ҳаракати тундрави Толибон ғасб карданд. Баъди  ин ҳазорон афғон бо талаби паноҳгоҳ ба кишварҳои дигар, аз ҷумла ба Тоҷикистон, ки бо Афғонистон 1425 километр марзи мустақим дорад, рӯ оварданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button