ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонТоҷикистонҶомеа

МАРГИ ЯК САРБОЗИ ТОҶИК, КИ ДАР ИСФАРА АЗ САРАШ ТИР ХӮРДА БУД (АКС)

Ҳаитов Мирзо, соли таваллудаш 2001, сарбози қисми ҳарбии 0215, ки дар Исфара хидмат мекард,  рӯзи 12 ноябр, соати 13:45 дар беморхонаи клиникии вилояти Суғд аз олам чашм пӯшид.

Ин сарбоз моҳи сентябр дар Исфара аз сараш тир хӯрда, аввал дар бемористони Исфара ва аз 1 октябр дар беморхонаи вилоятӣ таҳти табобат қарор дошт, вале мутаассифона, табибон натавонистанд ҷони ҷавони ӯро аз марг наҷот диҳанд.

Дар санади фавти Мирзо Ҳаитов, ки нусхааш ба дасти идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” расид,  гуфта мешавад, ки ин сарбоз рӯзи 1 октябр дар беморхонаи вилоятии Суғд бо захми оташфишони тири гузарандаи косахона ва майнаи сар бо ҷой доштани маҷақшавии майнаи қисми фарқу пушти сар аз чап бо хунравии беруна” бистарӣ карда шуда, дар ҷараёни табобат ба оризаи менинго-энсефалити шадиди дуюмдараҷаи серозӣ, варами майнаи сар дучор шудааст.

Қисми ҳарбии №0215  ба Қӯшунҳои сарҳаддии КДАМ тааллуқ дошта, дар Исфараю Конибодом дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон мустақар шудааст. Вале иллати аз сараш тир хӯрдани Мирзо Ҳаитов дар моҳи сентябр норӯшан боқӣ мемонад. Ба сомонаи “Бомдод” ҳанӯз муяссар нашудааст, дақиқ кунад, ки оё ӯ дар ягон даргирӣ дар марз тир хӯрдааст ваё бар асари ягон тасодуф дар қисми низомӣ?

Мирзо Ҳаитов аз ҷануби Тоҷикистон барои хидмати ҳарбӣ ба Исфара фиристода шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Бар фикри ман ин ходиса дар кисми низоми чо гирифтааст ва шахсоне ки бар хамин ходиса алокаманд мебошанд то холо муаянд карда нашудан ва дар оянда ба ягон чавобгарии мувофики конуни Чумхурии Точикистон оварда намешаванд. Худо рахматаш куна. Ое бад аз хамин ходисахо ки бо хохиш фарзанди худашро бар хизмати харби рои мекунад? 18 сол бе ягон кумак аз давлат мо фарзандонро барои курбоншави калон мекунем? Давлат чи тавр бо шахрвандон кумак мерасона? Чаро мо бояд давлатро ва давлатдоронро дуст дорем? Мо Ватанро нихояд дуст медорем лекин Ватан давлат нест!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button