ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

МУСОДИРАИ 228 КИЛО НОС АЗ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИК ДАР ФУРУДГОҲИ КАЛИНИНГРАД (3 АКС)

Хадамоти матбуоти гумруки вилояти Калининград, як ҷазирақаламрави воқеъ дар ғарби Русия, хабар дод, ки тайи 10 моҳи аввали соли 2021 дар фурудгоҳи “Храброво”-и шаҳри Калининград аз шаҳрвандони Тоҷикистон 228 кило нос, як навъ тамокуи роиҷ дар Осиёи Марказӣ, ёфт ва мусодира карда шудааст. Танҳо дар ду моҳи охир дар фурудгоҳи Храброво аз мусофирони тоҷик 73 кило нос мусодира кардаанд.

 “Шаҳрвандони Тоҷикистон пайваста қоидаҳои гумрукиро вайрон карда, кӯшиш мекунанд, ки дар ҷомадон ё бағочи дастиашон ин тамокуи бӯяш махсусро гузаронанд. Онҳо носро ҳам халтаҳои селофанӣ ва ҳам дар шиша ҷой мекунанд. Вале кормандони гумруки фурудгоҳи Калининградбо кумаки мутахассисони кинолог ва сагҳои бӯгир доимо ин маҳсулотро пайдо ва мусодира мекунанд. Аз ҷумла тайи 10 моҳи соли 2021 (январ-октябр) беш аз 228 кг нос ёфт ва мусодира карда шуд,», – гуфта мешавад дар хабар.

Нисбат ба “қочоқбарони нос” бар асоси қисми аввали моддаи 16.2 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия 226 парвандаи маъмурӣ  тартиб додаанд. Ба “қочоқбарони нос” бар асоси  ин банди қонун таҳдид мекунад. Онҳо ҳамчунин аз носи худ маҳрум мешаванд, чунки тибқи қонун, маводи мусодирашуда бояд ҳамчун моли қочоқӣ нобуд карда шавад.

Гумруки Калининград мегӯяд, истеъмоли нос шахсро нафақат муътоди никотин мекунад, балки аз лиҳози равонӣ низ муътод карда, сабабгори бемориҳои сангини даҳону гулӯ мешавад.

Гумруки Калининград қаблан хабар дода буд, ки тайи 8 моҳи аввали сол дар Храброво аз мусофирони тоҷик 158 кило нос мусодира кардаанд.

Ҳамин тавр, қаблан гузориш шуда буд, ки кормандони гумруки ду фурудгоҳи Астрахан ва Волгоград дар ду моҳи май ва июн аз мусофироне, ки аз Тоҷикистон меомаданд, беш аз 117 кило нос пайдо ва мусодира кардаанд.   Гумруки минтақаи Олтой ҳисобот дод, ки аз аввали соли 2021 кормандони гумрук дар фурудгоҳи шаҳри Барнаули Русия 64 кило носро мусодира кардаанд.

 Нос як навъи тамокуест, ки бо иловаи оҳак ва бархе маҳсулоти дигар тайёр карда мешавад. Нос дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва бархе дигар кишварҳои Шарқ харидори зиёд дорад, вале солҳои охир тавассути муҳоҷирон ин навъи тамоку дар байни як қисми ҷавонон дар Русия низ тарафдори зиёд пайдо кардааст. Зоҳиран баъди дидани ин тамоюл мақомоти Русия фурӯши носро манъ карданд. Бар асоси қонунҳои нав, маҳсулоти тамоку, аз ҷумла нос, ба андозаи беш аз 250 грамм барои ҳар нафари синнаш аз 18 боло, дигар моли барои истеъмоли шахсӣ ҳисоб намешавад ва ворид карданаш ба қаламрави ЕАЭС манъ аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button