Хабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ 3 КӮДАК ДАР БАЙНИ 18 СОАТ ДАР 3 САДАМА ДАР МЕҲРОБОД, КАНГУРТ ВА ДАНҒАРА

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шаби 31 октябр ва давоми рӯзи 1 ноябр, дар се садамаи алоҳидаи нақлиётӣ дар шаҳраки Меҳробод, маркази ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҷамоати Кангурти ноҳияи Темурмалик ва дар роҳ ба самти деҳаи Рахшонзамини ноҳияи Данғара се ноболиғ, бо шумули як тифли ширмак ва ду кӯдаки панҷсола ва сездаҳсола ба ҳалокат расида, 5 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ин се садамаи марговар дар байни ҳамагӣ 18 соат рӯй додааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 2 ноябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани 3 ноболиғ бар асари садамаҳои нақлиётӣ

Рӯзи 1-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 04:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Танглиев Аъзам Раҳимҷонович, соли таваллудаш 1996, сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Рӯдакии шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷ.Расулов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори бетонии канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронанда ва мусофиронаш: Муъминова Муясар Раҳимовна, соли таваллудаш 1989, сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров ва Муъминов Аҳтамҷон Акмалович, соли таваллудаш 2008, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Мутаассифона, дар беморхона ноболиғ Муъминов А.А. ба ҳалокат расидааст.
31-уми октябри соли 2021, тахминан соати 22:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Шоинов Ҷӯрабек Ҳайиталиевич, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Норак, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ховалинг ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда, Саидов Сунатулло Ҳабибуллоевич, соли таваллудаш 1975, сокини ҷамоати деҳоти Ғ.Мирзои ноҳияи Ховалинг, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, хурдсол Гулдастамоҳи Меҳроб, соли таваллудаш 2021, сокини ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Саидов С.Ҳ. ва мусофиронаш6 Мирзоев Наҷмуддин Шарипович, соли таваллудаш 1987 ва Абдурозиқов Саъдулло Абдусамадович, соли таваллудаш 1994, сокинони ҷамоати деҳоти Ғ.Мирзои ноҳияи Ховалинг, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Инчунин, рӯзи 1-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 16:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Исломов Ҳасан Тағоймуродович, соли таваллудаш 1970, сокини ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи К.Қурбонов ба самти деҳаи Рахшонзамин бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, хурдсол Шарипова Аниса Шеравгановна, соли таваллудаш 2016, сокини ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Шарипов А.Ш. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.

Ошкор гардидани ду ҷинояти дуздӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Норак бо ариза марди 55-солаи сокини ҷамоати деҳоти П.Сангини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки аввалҳои моҳи июни соли 2021 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз талу теппаҳои деҳаи Кибил 2-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормндони милитсия марди 39-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пули-Сангини ҳамин шаҳр, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 35, 36 ва 53-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Варзоб-қалъаи ноҳияи Варзоб ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, 28-уми октябри соли 2021, бо роҳи пинҳонӣ ба Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи кӯҳии ба номи С.Юсупов, воқеъ дар километри 34-уми ноҳияи Варзоб даромада, 1-адад дастгоҳи обкашӣ ва дигар таҷҳизотро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 127 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button