ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СОКИНИ ЛУЧОБ 40 ҲАЗОР ДОЛЛАР ПУЛИ СОКИНИ ҲИСОРРО 13 СОЛ БОЗ НАДОДААСТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани боз як ҳолати қаллобӣ хабар дод.Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 42-солаи сокини шаҳри Ҳисор муроҷиат намудааст, ки моҳи феврали 2008 дар кӯчаи Яккачинори пойтахт марди 51-солаи сокини ҷамоати деҳоти Лучоби ноҳияи мазкур бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 40 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе хонаи истиқоматӣ гирифта медиҳад, аммо то ҳол ӯро фиреб дода гурехта гаштааст.
ВКД гуфт, тафтиши ин даъво идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button