ВидеоМуҳоҷиронРӯйдодҳои БадахшонЧеҳраҳо

ГЕНЕРАЛ САЛАМШОҲ МУҲАББАТОВРО БА ҚАЛАМРАВИ РУСИЯ РОҲ НАДОДАНД

Генерал Саламшоҳ Муҳаббатов, паҳлавони маъруф ва фармондеҳи собиқи мухолифинро, ки бо корҳои шахсиаш аз Душанбе ба Маскав омада буд, рӯзи 21 октябр дар фурудгоҳи Маскав иҷозати вуруд ба қаламрави Русия надодаанд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, генерал Саламшоҳ то соли 2025 ҳаққи вуруд ба марзи Русияро надоштааст, яъне ӯро ба кадом далели ҳанӯз номаълуме “запрет” задаанд. Ин хабарро се манбаи гуногуни наздик ба Саламшоҳ Муҳаббатов ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” тасдиқ карданд. Ба гуфтаи яке аз онҳо, генерал Саламшоҳ аз фурудгоҳ берун баромада натавонист ва бо парвози рӯзи 22 октябр ба Душанбе бармегардад.

Генерал-майор Саламшоҳ Муҳаббатов 11 ноябри соли 1960 дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омада, донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Саламшоҳ Муҳаббатов дар даврони Шӯравӣ қаҳрамони Тоҷикистон дар навъҳои гуштини дзю-до, самбо ва гуштини тоҷикӣ буд. Саламшоҳ Муҳаббатов ҳамин тавр, дар байни собиқадорон дар гуштини дзю-до як маротиба ва дар гуштини самбо ду карат қаҳрамони ҷаҳон шудааст.

Саламшоҳ Муҳаббатов аз фармондеҳони аршади Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин дар ҷабҳаи Бадахшон ба шумор мерафт. Баъди имзои созишномаи сулҳ, Муҳаббатов 3 августи соли 1998 бар асоси саҳмияи 30-фоизаи мухолифин раиси Кумитаи нафту гази ҳукумати Тоҷикистон таъйин шуд ва то 17 апрели соли 2001 дар ин мақом кор кард. Саламшоҳ Муҳаббатов аз соли 2001 то 2004 мудири кулли ширкати воҳиди давлатии “Тоҷикнафтугаз” ва аз соли 2004 мудири кулли ширкати воҳиди давлатии “Сайёҳ” буд. Саламшоҳ Муҳаббатов ҳамчунин то соли 2017 раиси Федератсияи гуштини озод ва юнониву румии Тоҷикистон буд.

Саламшоҳ Муҳаббатов баъди тарки мансабу мақомҳояш солҳои ахир асосан дар зодгоҳаш – ноҳияи Ванҷ ба сар мебарад. Ӯ дар минтақаи Бадахшон, бахусус дар Ванҷу Дарвоз ҳамчунон аз обрӯ ва нуфузи зиёд бархӯрдор мебошад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button