ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

БАХТИЁР, КУҶОӢ? МОДАРАТ ТУРО МЕҶӮЯД!

Ин эълонро Muyassari Kuhistoni шаби 20 октябр дар гуруҳи “Ахбори Осиёи Марказӣ” дар Фейсбук нашр кардааст. Аз ҳамаи онҳое, ки дар куҷо будани Бахтиёр Муминовро медонанд, хоҳиш мекунем, ки ҳарчӣ зудтар хабараш кунед, ки бо модараш тамос бигирад!

Бахтиёр, куҷоед? Модар шуморо меҷӯяд

Ба мо хонандаи гуруҳ модаре муроҷиат карда гуфт,ки аз таьрихи 14 уми октябр писараш Бахтиёр тамоман дар сайти одноклассники нест ва телефонаш хомӯш аст.

Модар бо дидаи шашқатор навишт, ки:

“Писарам дар Русия ,шаҳри Маскав қарор дошт.

Аз рӯзи 14 уми октябр нест. Худоҷон, бахайр бошад

Ин рақамҳои писарам аз ҳамон рӯз умуман кор намекунад.

+7 963 446 91 88

+7 977 742 13 61

Мувофиқи иттилоьи ман дар кадом тарабхона шашликпаз шуда кор мекарду ҳамзамон бо бачаҳои доғистонӣ машқ мекард, Бои без правил ном дорад.

Тренераш ҳам доғистонӣ аст мегуфт.

Пурсидам ҷӯраҳояшро, мегӯянд, ки чанд рӯз аст, ки занг назадааст ва надидемаш. Рақамҳояш кор намекунад гуфтанд.

Ному насабаш Муродов Бахтиёр Муминович. Санаи таваллудаш 27.04.2000 сол.

Аз ғами писарам бемор шудам. Илтимос, барои ёфтани писарам кумак кунед.

Касе ӯро мешиносад, таьҷилӣ нависед .

Бо эҳтиром, модари дида ба роҳ.”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button