ВидеоИқтисодҶомеа

ХУДКУШИИ ҒИЁСИДДИН АЮБЗОДА, КОРМАНДИ “АМОНАТБОНК” ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ

Ғиёсиддин Аюбзода, корманди филиали №25 “Амонатбонк” дар ноҳияи Айнӣ шаби 4 октябр дар ҷои кораш худро ба дор овехтааст. Ҷанозаи Ғиёсиддин Аюбзодаро, ки ҳамагӣ 27 сол дошт, субҳи 5 октябр, соати 10 дар зодгоҳаш, деҳаи Ревади ноҳияи Айнӣ ба хок супурданд.

Сокинони Ревад ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфтанд, ки Ғиёсиддин Аюбзода, соли таваллудаш 1994,  дар филиали “Амонатбонк” дар деҳаи Ревад, ки асосан ба мардуми нафақахӯр нафақаашонро медод, кор мекард. Шаби 4 октябр, тахминан соати 21, Ғиёсиддин Аюбзода дар ҳамин ҷои кораш худро бо арғамчин ба дор кашидааст.

Сабаби худкушии корманди “Амонатбонк” дақиқ нашудааст. Ин қазияро ҳоло мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Айнӣ таҳқиқ мекунанд ва бояд пеш аз ҳама иллати худкушии Ғиёсиддин Аюбзодаро дар чунин синни ҷавонӣ муайян кунанд. Ба гуфтаи сокинони Ревад, ӯ дар як номаи пеш аз марг навиштаст, ки аз ину он дар умум 140 ҳазор сомонӣ қарздор шудааст.

Дар ин авохир ин нахустин мавриди худкушии кормандони собиқу фаъоли “Амонатбонк” нест.

Дар поёни моҳи марти соли ҷорӣ ҷасади  Икром Ҷабборзода, як сокини 42-солаи ҷамоати Зарафшони ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд дар пойтахт дар соҳили бетонии дарёи Душанбе пайдо карданд.  Ҷабборзода худро дар яке аз бетонҳои канори дарё овехта буд.

Гуфта мешуд, ки Икром Ҷабборзода ним сол пеш аз маргаш дар пайи аттестатсия аз вазифаи сармуҳосиби шуъбаи бонки давлатии “Амонатбонк” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов барканор шуд ва баъди он расман дар ҷое кор намекард. Ба қавли баъзе аз дӯстонаш, “ният дошт, ба соҳибкорӣ машғул шавад”. Иллати худкушии ин корманди собиқи “Амонатбонк” норӯшан боқӣ монд.

Ҳамин тавр, 5 октябри соли 2019, тахминан соати 16:40 сармуҳосиби филиали «Амонатбонк» дар ноҳияи Ишкошим Ориф Турдиев  дар бинои филиал худкушӣ кард.

 Бино ба хабарҳо, Ориф Турдиев худро аз силоҳе, ки муҳофизон барои таъмини амнияти бонк мегиранд ва он рӯз он силоҳ дар девор овезон будааст,  паррондааст. Ба гуфтаи онҳое, ки Турдиевро мешинохтанд, як сабаби асосии худкушии ӯ нагузаштанаш аз аттестатсия шудааст. 

Кормандони “Амонатбонк” ҳар ду сол бояд аз аттестатсия гузаранд.

Бонки амонатгузории “Амонатбонк” бонки давлатӣ буда, бо наздики 5 миллиард сомонӣ сармояи умумӣ ва садҳо филиал дар саросари ҷумҳурӣ дар ҳоли ҳозир бузургтарин бонки Тоҷикистон аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button