ВидеоДин ва боварҳоСиёсатҲуқуқи инсон

ПИСАРИ ЭШОНИ ҚИЁМИДДИН ДАР ҚАЗОН БАЪДИ 40 РӮЗ АЗ ҲАБС ОЗОД ШУД

Баракатуллоҳ Ғозиев, санаи таваллудаш 18 июли соли 1986, фарзанди Эшони Қиёмиддин, воиз ва рӯҳонии маъруф дар солҳои 90, ки бо дархости мақомоти Душанбе дар ҷумҳурии Тотористони Русия дастгир шуда, аз 14 август дар боздоштгоҳи №1, воқеъ дар кӯчаи Япеев, 16, шаҳри Қазон қарор дошт,  баъди дуруст 40 рӯзи ҳабс, субҳи барвақти 22 сентябр ба озодӣ баромад.

Дар ин бора як манбаи огоҳи пойгоҳи хабарии “Бомдод”  хабар дод ва гуфт, Баракатуллоҳ Ғозиев  субҳи барвақт, алакай вақти намози бомдод озод шуд ва ҳоло дар канори аҳли оилааш дар шаҳри Қазон қарор дорад. Ӯ дар  пойтахти Тотористон ҳамроҳи зану ду фарзандаш, модараш ва ҳамчунин додараш ва ҳамсари додараш зиндагӣ мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун хабари дар Русия боздошт  ва инак озод шудани ин писари 35-солаи Эшони Қиёмиддин ва парвандаи ӯро шарҳ надодаанд.

Вале ба гуфтаи манбаи огоҳи “Бомдод”, Баракатуллоҳ Ғозиевро дар Тоҷикистон бар асоси моддаҳои 189 ва 305 ба барангехтани кинаю адовати мазҳабӣ ва хиёнат ба давлат (ҷосусӣ) айбдор мекунанд.

Ӯ мегӯяд, ки соли 2020 ду домоди Эшони Қиёмиддин: Салоҳиддин Нуриддинов ва Эшони Амриддин (аз Ҳисор) низ бар асоси моддаи 305 бо ҷурми ҷосусӣ маҳкум ба зиндон шуданд.

Манбаи “Бомдод” гуфт, Саидмуҳаммад Ғозиев, писари калонии Эшони Қиёмиддинро, ки соли 2020 низ бо ҷурми ҷосусӣ барои Эрон ба 13 соли зиндон маҳкум шуда буд, ба зиндони Хуҷанд интиқол додаанд ва ӯ дар онҷо аз бемории диабети қанд азият мекашад.

 “Бомдод” қаблан хабар дода буд, ки Саидҳасан Ғозиев, писари 34-солаи Эшони Қиёмиддин дар Тоҷикистон ба 11 соли зиндон маҳкум шуд. Ба гуфтаи як манбаи огоҳ, Саидҳасан Ғозиев, ки соҳибкор буд, тақрибан дар аввали соли 2021  ҳамроҳи ду бародари дигараш дастгир шуда буд. Ҳамсуҳбати “Бомдод” гуфт, мақомот баъди чанде бародарони ӯро озод карданд, вале Саидҳасанро ба ҷиноятҳои сангин, аз ҷумла хиёнат ба Ватан ва ҷосусӣ барои Эрон айбдор карданд.

Саидҳасан Ғозӣ ҳамроҳи 4 бародари дигараш – Саидмуҳаммад, Саидмуҳаммадӣ, Саидҳусейн ва Саидяҳё моҳи июли соли 2020 низ дастгир шуда буд. Аксари онҳо баъдан озод шуданд, вале додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи ноябри соли 2020 Саидмуҳаммадро, ки 44 сол дошт, бо ҷурми ҷосусӣ барои Эрон ба 13 соли зиндон маҳкум кард. Тафсилоти ҳукми ӯ расман нашр нашудааст, вале манобеи огоҳ мегуфтанд, ки Саидмуҳаммади Ғозӣ аз ҷумла ба он айбдор дониста шуд, ки дар солҳои 90 ба фиристодани чанд ҷавони тоҷик ба Эрон ва гирифтани раводиди сафари онҳо кумак кардааст.

Эшони Қиёмиддин, ки яке аз сухангӯёни асосии митинги майдони Шаҳидон дар соли 1992 буд, солҳои ахир дар Эрон ба сар мебурд. Ӯ моҳи ноябри соли 2017 дар фурудгоҳи шаҳри Санкт Петербурги Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд. Дар Тоҷикистон Эшони Қиёмиддинро бо хиёнат ба Ватан,  ҷосусӣ ба манфиати Эрон, тағйири мазҳаб ва гароидан ба мазҳаби шиъа айбдор ва ба 25 соли зиндон маҳкум карданд. Додгоҳи олӣ моҳи феврали соли 2019 “бинобар сидқан пушаймон шудани Сайид Қиёмиддини Ғозӣ аз кирдорҳои содирнамудаи худ, мусоидат дар ошкор сохтани як қатор ҷиноятҳои вазнин ва фош кардани ашхоси ба ин ҷиноятҳо алоқаманд” ҳукми ӯро 18 сол кам карда, ба 7 сол фаровард. Аммо Эшони Қиёмиддин дар ошӯби хунини рӯзи 19 майи соли 2019 дар зиндони Ваҳдат кушта шуд. Гуфта мешуд, ки ошӯбгарон, ки пайравони ДОИШ, аз ҷумла писар ва бародари полковник Гулмурод Ҳалимов буданд,  маҳз барои  тағйири мазҳаб карданаш гулӯи Эшони Қиёмиддинро буридаанд.

Мақомот таъқиби фарзандони Эшон Қиёмиддинро  то ҳол расман шарҳ надодаанд, вале тарафдорони мухолифин инро ба таҳсили онҳо дар Эрон рабт медиҳанд ва мегӯянд, ки таҳсилкардаҳои Эрон дар Тоҷикистон ҳадафи “шикор”-и амдии мақомот қарор гирифтаанд.

Муносибатҳои Тоҷикистону Эрон дар солҳои охир даврони пуртанишеро паси сар мекунад. Душанбе Ҷумҳурии исломиро ба пуштибонӣ аз ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ айбдор мекунад ва ба ин далел чандин сол ба ҳайси яке аз кишварҳои асосгузор ҳатто ба пазируфтани Эрон ба узвияти Созмони ҳамкориҳои Шанхай мухолифат кард. Раванди узвияти Эронро танҳо ҳафтаи гузашта дар нишасти Шанхай, ки иттифоқан ин нишаст ҳам дар Душанбе доир шуд,  оғоз карданд.

Теҳрон Душанберо ба он айбдор мекунад, ки беш аз ду миллиард доллар пулҳои аз фурӯши нафти Эрон дуздидаи Бобаки Занҷониро пинҳон кардааст ва пас доданӣ нест. Бобаки Занҷонӣ, ки дар Тоҷикистон тиҷоратҳои зиёде боз карда буд, дар Эрон бо ҷурми фасод ба қатл маҳкум шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button