ВидеоҶомеа

МОДАРИ БИБИОИШАМОҲ БА ҲАМАИ МАРДУМИ САВОБҶӮ ИЗҲОРИ СИПОС КАРД (ВИДЕО)

Бибиоишамоҳ, кӯдаки ҳаштмоҳае, ки чанд рӯз пеш барои ҷарроҳиаш як маъракаи хайрия роҳандозӣ шуда буд, бомуваффақият ҷарроҳӣ шудааст. Модари ин кӯдак дар як видеои нав аз ҳамаи онҳое, ки барои наҷоти саломатии фарзанди дилбандаш саҳм гузоштанд, изҳори сипос кард ва даст ба дуо кушод, ки Худованд аҷри ҳамаи мардуми дастбахайрро даҳчанд баргардонад.

Бибиоишамоҳ бо онки  ҳамагӣ 8 моҳ дорад, дар ин умри кӯтоҳи худ он қадар дарду ранҷ кашидааст, ки барои як умри одам басанда аст.

Ин кӯдак, ки ҳамроҳи модараш дар бемористони “Истиқлол” бистарист, алакай ба иллати гидросифалия (ҷамъ шудани об дар дохили мағзи сар) ҷарроҳии мағзи сарро пушти сар карда, дар сараш шунт мондаанд.  Ин навбат Бибиоишамоҳро барои он ҷарроҳӣ карданд, ки дар камараш аз қисмати пушт модарзодӣ гӯшти зиёдатӣ, ё қилаи бузург (грыжа)  вуҷуд дошт, ки қариб баробари тақрибан нисфи тамоми бадани ӯ буду кӯдак аз ин қила сахт ранҷ мекашид ва ҳатто оромона ба пушт хобида наметавонист.

Падару модари Бибиоишамоҳ гуфта буданд, ки тамоми дороии худро то имрӯз сарфи табобати ҷигарбандашон кардаанд ва ҳоло барои ҷарроҳии гӯшти зиёдатӣ аз бадани ӯ ба кумаки мардуми хайрхоҳ эҳтиёҷ доранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button