АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳонТоҷикистон

АВИА ПРО: ПИЛОТҲОИ АФҒОН 61 ЧАРХБОЛУ ҲАВОПАЙМОРО АЗ ТОЛИБОН БА КИШВАРҲОИ ҲАМСОЯ ГУРЕЗОНДААНД

Хабаргузории русии Авиа.про хабар дод, ки дар рӯзҳои тасарруфи Афғонистон аз ҷониби ҷангиёни Толибон халабонҳо (пилотҳо)-и нирӯҳои ҳавоии Урдуи миллӣ тавонистанд дастикам 61 техникаи ҳавоӣ, аз ҷумла 26 чархбол ва 35 ҳавопаймои ҷангиро ба кишварҳои ҳамсоя гурезонда, бо ин кор Толибонро аз истифода як бахши аъзами техникаи ҳарбии Урдуи миллӣ маҳрум кунанд.

Бино ба иттилои Авиа.про, ин чархболу ҳавопаймоҳоро аз Афғонистон гурезондаанд:

  • 19 чархболи Ми-17;
  • 7 чархболи  UH-60;
  • 7 ҳавопаймои ҷангии A-29 Tucano (яке аз ин ҳавопаймои гурезондашударо нирӯҳои дифои зиддиҳавоии Ӯзбекистон шаби 15 август зада афтонданд);
  • 17 ҳавопаймои сабуки Cessna 209B;
  • 11 ҳавопаймои Pilatus-12NG.

Хабаргузорӣ менависад, “маълум аст, ки як қисми ин техникаи нирӯҳои ҳавоии ҳамакнун собиқи Афғонистон дар қаламрави Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарор доранд. Маълумоте вуҷуд дорад, ки ба зудӣ тибқи тавофуқоти байни кишварҳо бадастомада, ин техникаро ба пойгоҳҳои ҳарбии Амрико интиқол хоҳанд дод. Чанде пеш иттилое ба даст расид, ки ҳавопаймоҳои ҷангии ба Тоҷикистону Ӯзбекистон гурезондашудаи  нирӯҳои ҳавоии Афғонистон мавқеъҳои террористони Толибонро бомбаборон кардаанд, вале ин иттилоъ то ҳол тасдиқи мустанад пайдо накардааст.”

Ҳафтаи гузашта дар воқеъ гузоришҳое нашр шуд, ки мавқеъҳои Толибонро дар дараи Панҷшер баъди тасарруфи навоҳии водии ин дара аз сӯи ҷангиён ҳавопаймоҳои ношинос бомбабборон карданд. Ҳадсҳое баён мешуд, ки ин ҳамлаҳоро шояд пилотҳои афғон тавассути ҳавопаймоҳоро ба Тоҷикистон гурезондаашон анҷом дода бошанд.

Вале Душанбе то имрӯз фақат дар Тоҷикистон изтироран нишастани танҳо ду ҳавопаймои аз Афғонистон фироркардаро тасдиқ кардаанд. Рӯзи 16 август дар Telegram-канали Tolo News видеое бо чунин ном нашр шуда буд: “Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон бо мусофирони 18 ҳавопаймо, ки аз Кобул рафта буданд, дидор кард.”

Вале вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон  худи ҳамон рӯз вуруди танҳо ду ҳавопайморо бо беш аз 100 низомии афғон тасдиқ карда, гуфт, ки ин ҳавопаймоҳо баъди дар фурудгоҳи Бохтар фаровардани мусофиронашон  ба Афғонистон баргаштанд.

Дар ҳамин ҳол, «Военное обозрение», як пойгоҳи дигари таҳлилҳои ҳарбии Русия рӯзи 19 сентябр хабар дод, ки аксари ин техникаи ҳарбии ҳавоии Афғонистон, тақрибан 46 чархболу ҳавопаймояшро ба Ӯзбекистон интиқол додаанд ва қисмати камтарашро – ба Тоҷикистон.

 «Тавре маълум шуд, ба Ӯзбекистон 7 чархболи UH-60A, 19 чархболи Ми-17, 6 ҳавопаёмои ҷангии А-29В, 5 ҳавопаймои сабуки Cessna 209B ва на камтар аз 11 ҳавопаймои Pilatus-12NG интиқол дода шудаанд. 12 ҳавопаймои  Cessna 208B дар Тоҷикистон нишастанд. Ба ғайр аз ин, як ҳавопаймои ҷангии А-29В ё суқут кард ваё аз тарафи нирӯҳои зиддиҳавоии Ӯзбекистон зада шуд ва як чархболи UH-60А то фурудгоҳ расида натавонист ва ба далели тамом шудани сӯзишвориаш дар наздикии сарҳад нишаст», – гуфта мешавад дар матлаби “Военное обозрение”.

Бино ба маълумоти Авиа Про, ҷангиёни Толибон дар умум дар пайи тасарруфи Афғонистон 108 чархболу ҳавопаймо, 23 ҳавопаймои ҷангӣ, 8 ҳавопаймои тактикии бесарнишин, на камтар аз 20 мушаки тактикии навъи “Элбрус”, бег аз 2000 мошини зиреҳпӯш, 176 тӯпхона ва 534 ҳазор мил силоҳ ба даст оварда, бо чунин таслиҳоти бузург ба як таҳдиди ҷиддӣ ба кишварҳои ҳамсояи худ, бахусус барои Тоҷикистон табдил ёфтаанд, чунки “тавре аз баёнияҳои ахири роҳбарони террористҳо бармеояд, ин ҷангҷӯён танҳо бо ғасби Афғонистон қаноат карданӣ нестанд.”

Як коршиноси масоили таслиҳотӣ ба Авиа Про гуфт: “Барои муқоиса, Тоҷикистон ҳамагӣ 26 чархбол дорад. Яъне ин 4 маротиба камтар аз чархболҳоест, ки ҷангиёни Толибон ба даст овардаанд. Бо вуҷуди он ки ба дасти ҷангҷӯёни Толибон танҳо ҳавопаймоҳои сабук афтодаанд, онҳо метавонанд ба кишварҳои ҳамсоя зарба зананд. Бо дарназардошти фаъолиятҳои террористии Толибон, ташаннуҷи вазъро метавон на дар солҳои наздик, балки ба эҳтимоли ғолиб, алакай дар моҳҳои наздик мунтазир шуд.”

Ҷангҷӯёни Толибон дар аввали моҳи август бо шурӯи хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ 33 вилоят аз 34 вилояти Афғонистон, бо шумули пойтахташ, шаҳри Кобулро ишғол карданд. Танҳо вилояти Панҷшер ба онҳо таслим нашуд. Дар инҷо таҳти роҳбарии Аҳмади Масъуд Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ташкил шудааст.

Тибқи тавофуқи байни раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири Покистон Имрон Хон, қарор аст, ба зудӣ дар Душанбе музокироти байни Толибон ва Ҷабҳаи Аҳмади Масъуд пиромуни ташкили ҳукумати фарогир бо иштироки тоҷикҳо ва намояндагони дигар ақалиятҳои қавмии Афғонистон шурӯъ шавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button