ВидеоМуҳоҷирон

ДОНИШҶӮ ВА ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК ДАР МАСКАВ БА 8 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД (ВИДЕО)

Додгоҳи ноҳияи Головинои шаҳри Маскав рӯзи 16 сентябр ҷавони тоҷик Ҳусен Сомонро ба 8 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ ин донишҷӯи 25-солаи Донишгоҳи техникии авиатсияи гражданиро дар садамаи пурқурбонии шоми 23 март, ки сабаби марги ду зани пиёдагард шуд, гунаҳкор шинохт.

Додситонии Маскав дар Telegram-каналаш гуфт:  “Додгоҳ Ҳусен Сомонро ба 8 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум ва барои 3 сол аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум кард. Ӯ бар асоси банди “б” қисми 6  моддаи 264 Кодекси ҷиноятии Русия (вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ сабаби марги ду нафар шуда, гунаҳкор аз ҷои ҳодиса фирор кардааст) маҳкум шд.”

Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ барои Ҳусен Сомон 12 соли зиндон талаб карда буд.

Додгоҳ ҳамчунин ҷавони тоҷикро муваззаф кардааст, ки ба наздикони қурбониёни садама, ки ҷабрдида шинохта шудаанд,  товони молиявӣ бисупорад.

Садамаи пурқурбонӣ бо иштироки ин ҷавони тоҷик шоми 23 марти соли 2021 рӯй дод. “Mercedes”-и Ҳусен Сомон дар бурики гузаргоҳи Конаковский ва кӯчаи Пулковская аввал ба як мошини дар канори роҳ истода бархӯрд ва сипас ба болои роҳи пиёдагард баромада, ду зани пиёдагардро пахш кард. Ронанда мошинашро партофта, аз ҷои ҳодиса фирор кард. Ӯ аввал ба Зелёноград ва сипас ба шаҳри Клини вилояти Маскав фирор карда, танҳо баъди як рӯз дастгир карда шуд. Дар бозпурсӣ ба суоли инки чаро ҷабрдидаҳоро партофту аз ҷои садама фирор кард?, Ҳусен Сомон гуфт, дар ҳолати шок қарор дошт  ва чӣ кор карданашро дарк намекард.

Занони ҷабрдидаро дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол доданд, вале табибон онҳоро аз марг наҷот дода натавонистанд.

Аввал бо гумони даст доштан дар ин садама Сиддиқшоҳ Раҳматов ном ҷавони дигари тоҷикро ҷустуҷӯ мекарданд, чунки мошини “Мерседес” ба номи ӯ буд. Вале Раҳматов бо тафтишот ҳамкорӣ карда, хабар дод, ки ӯро моҳи декабри соли 2020 аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум карданд ва ӯ ба ин далел мошинашро ба дӯсташ Ҳусен Сомон фурӯхта буд.

Ҳусен Сомон дар Маскав нафақат таҳсил мекард, балки дар сатҳи касбӣ ба варзиши тенниси рӯи миз машғул буд. Ному акси ӯро то ҳол метавон дар сомонаҳои созмонҳои ин навъи варзиш пайдо кард.

Гуфта мешавад, падари Ҳусен Сомон дар Душанбе ҳуқуқшинос ва модараш хонашин мебошанд.

Хабари барои садамаи марговар ба 8 соли зиндон маҳкум шудани донишҷӯ ва варзишгари тоҷик дар ҳолест, ки рӯзи 15 сентябр додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Новосибирск сокини ин шаҳр Я. Зайтсевро бо ҷурми садамаи марговаре, ки сабаби марги як муҳоҷири  50-солаи тоҷик шуд, ҳамагӣ ба 3 солу 6 моҳи маҳбаси маскунӣ (колония-поселение) маҳкум кард. Зайтсев ҳангоми садама маст будааст.

Ҳусейн Сомон дар додгоҳи Головино

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button