АфғонистонВидеоСиёсат

ТОЛИБОН АФҒОНИСТОНРО “АМОРАТ” ВА ОХУНДЗОДАРО “АМИРАЛМӮЪМИНИН” ЭЪЛОН КАРД

Толибон, ки ҳадди аксари қаламрави Афғонистонро ишғол кардааст, рӯзи 7 сентябр Афғонистонро “аморати исломӣ” ва раҳбараш Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ Охундзодаро “амиралмӯъминин” эълон кард. Ин гуруҳ ҳамчунин ҳайъати ҳукумати Афғонистонро эълон кард, ки  раисаш ва вазири корҳои дохилиаш дар рӯйхатҳои сиёҳи Созмони Милал ва Амрико қарор доранд.

Мавлавӣ Охундзода, ки 55 сол дорад,  дар як паём гуфт, ки ҳукумати ташкилдодаи онҳо сирф бар асоси аҳкоми Шариат амал хоҳад кард.

Мулло Муҳаммадҳасан Охунд, ки 60 сол дорад ва дар ҳукумати қаблии Толибон дар мақоми муовини вазири хориҷа кор мекард. Охунд дар рӯйхати сиёҳи Созмони Милал қарор дорад.

Ҳамин тавр, Абдулғанӣ Бародар, ки соли 2018 аз зиндони Покистон озод шуд ва раҳбарии дафтари сиёсии Толибонро дар Қатар ба уҳда дошт, муовини аввал ва Абдусалом Ҳанафӣ, муовини дуюми раиси ҳукумат таъйин шудаанд.

Ҳамчунин Сироҷуддин Ҳаққонӣ, раҳбари шабакаи Ҳаққонӣ, ки аз ҷониби Амрико барои ҳамлаҳои терроризм ҷустуҷӯ мешавад,  вазири корҳои дохилӣ

Муҳаммад Яъқуб (писари раҳбари аввали Толибон Мулло Умар) вазири мудофиа

Амирхон Муттақӣ вазири корҳои хориҷӣ

Мулло Ҳидоят Бадрӣ вазири молия

 Мавлавӣ Хайруллоҳ Саид Хайрхоҳ вазири иттилоот

Абдулҳаким Исҳоқзай вазири адлия таъйин шуданд.

Сухангӯи Толибон гуфт, ин афрод танҳо сарпарастони ин вазоратхонаҳоянд ва ҳайъати ҳукумат ҳаз ниҳоӣ нашудааст. Вале ончӣ ки ҳойизи аҳамият аст, ин аст, ки Толибон бар хилофи даъвати ҷомиаи ҷаҳонӣ ба ташкили як ҳукумати фарогир, ба ҳама мақомҳои калидӣ фақат афроди худро таъйин кардаанд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон низ қаблан ҳушдор дода буд, ки Душанбе ҳукуматеро, ки дар он ба тоҷикҳои Афғонистон ва дигар ақалиятҳои миллии он кишвар ҷойгоҳи шоиста дода нашавад, эътироф нахоҳад кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button