ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

МАСТӢ – БА ПАСТӢ: КАШМАКАШИ ҶАВОНИ ТОҶИК БО ДУ АФСАРИ ПУЛИСИ МАСКАВ (ВИДЕО)

Дар шаҳри Маска як ронандаи маст кӯшиш кардааст, ки аз кормандони ДПС фирор кунад. Ҳангоми боздошт ӯ ду афсари пулисро газидааст.

Дар ин бора Telegram-канали Mash бо нашри як видео аз толори додгоҳ, ки масъалаи интихоби чораи пешгирӣ барои ин ронандаро баррасӣ мекард, хабар дод.

Бино ба ин хабар, кормандони ДПС  дар кӯчаи Красноярская шаҳри Маскав мошинеро диданд, ки каҷмокаҷ ҳаракат мекард ва гумон бурданд, ки ронандааш маст аст.  Кормандони пулис мошинро манъ карданд, вале ронанда онҳоро дида фирор кард ва пулис маҷбур шуд, ӯро таъқиб кунад.

Вақте ки билохира мошинро манъ карданд ва хостанд ронандаро дастгир кунанд, ӯ муқовимат нишон додааст. Афсарони пулис ӯро ба замин хобонда мехоҳанд, ба дастонаш завлона зананд, вале, тавре афсарони пулис дар додгоҳ баёнот доданд,  ронанда як афсари пулисро аз дасташ ва дигарро аз байни пойҳояш газидааст.

 Ронанда шаҳрванди 28-солаи Тоҷикистон Суннат Баҳромов будааст. Дар додгоҳ ӯ гуноҳро ба гардан нагирифт ва гуфт, аз як зиёфат бармегашт ва чизе дар ёдаш нест.

Алайҳи Суннат Баҳромов ҳоло бо иттиҳоми муқобилият ба намояндаи давлат парванда кушодаанд ва ба ӯ ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button