ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МАШҚҲОИ ОМОН ДАР ТАМРИНГОҲИ “ОБШОРОН” ДАР КӮҲҲОИ ШАҲРИСТОН (5 АКС)

Рӯзи 27 июл вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни сафари хизматӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Шаҳристон аз Маркази таълимию фароғатии «Обшорон»-и ВКД, ки дар мавзеъи кӯҳистонии ин ноҳия ҷойгир шудааст,  дидан кардааст.

Умарҷони Эмомалӣ, раҳбари дастгоҳи ВКД хабар дод, ки вазир бо рафти машқу тамринҳои Дастаи таъиноти махсуси милитсияи вилояти Суғд (ДТММ, ё ОМОН) дар шароити кӯҳистон, ки дар наздикии Маркази таълимии «Обшорон» баргузор гардид, инчунин бо  шароити маишии кормандони даста шинос шудаааст.

Дар иттилоияи расмӣ ҳамчунин гуфта мешавад, ки Рамазон Раҳимзода “дар анҷоми тамринҳо бо афсарон ва сарбозони ин ниҳод вобаста ба вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон сӯҳбати судманд анҷом дод.”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button