ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЛАТТУКӮБИ НАВРАС ДАР ҒАФУРОВ ВА БО МУРВАТТОБ ЗАХМӢ КАРДАНИ ЯК ҶАВОН ДАР ПОЙТАХТ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 8-9 майи соли 2024

Боздошти ноболиғи 16-сола бо ҷурми қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

150

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ноболиғи 16-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, 22-юми апрели соли 2024, тахминан соати 18:00, бо ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи мазкур дар варзишгоҳи маҳаллаашон вохӯрда, байни ҳам муноқиша намуда, бо мақсади қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ якчанд маротиба бо дасту пояш ба аъзои бадани ҷабрдида зада, ба охирин ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ расонидааст.

Дар натиҷа, мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳати бардоштаи ноболиғи 17-сола ҳамчун зарари вазнин ба саломатӣ мансуб дониста шудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани ҳодисаи авбошӣ

197

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 4-уми майи соли 2024, тахминан соати 09:20-дақиқа, ҷавони 18-солаи сокини пойтахт аз ҳиссиёти авбошӣ бо ӯ ҷанҷол намуда, бо асбоби мурваттоб (отвёртка) 2 маротиба ба рони пойи чапаш зарба задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button